Бинои муҳташами Амонатбонк дар Данғара ба истифода дода шуд (аудио)
28-уми апрел дар ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-мавриди истифода қарор гирифт.
Бино бар иттилои маркази матбуоти Сарвари давлат, иншоот аз 10 ошёна иборат буда, дар 3 қабати аввали он бонк, дар 5 ошёна манзилҳои истиқоматӣ ва дар ошёнаи даҳум меҳмонхона ҷойгир карда шудааст. Дар таҳхона бошад, ҳуҷраи бойгонӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои техникии бонк мавҷуд аст.Дар маҷмуъ дар бинои нав мутобиқ ба талаботи замони муосир барои кормандон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Намои берунии бинои филиали бонк дар ноҳияи Данғара бо санъати баланди меъморӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст. “Баъди шиносоӣ бо шароити кор дар бинои нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро барои мутобиқ ба талаботи замони кунунӣ бо истифода аз технологияи рақамӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо ба мизоҷон вазифадор карданд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ