Биёед, падари Йургитаро пайдо кунем!
Матлаби дар зер овардашударо аз сомонаи Радиои Озодӣ дар tajikistantimes бознашр намуда, умедворем, ки дар ҷустуҷӯи падари тоҷики ин духтари литвонӣ кӯмак мерасонем
Йургита Авгул, духтаре аз Литва, солҳост падарашро меҷӯяд, ки шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Йургита зоҳиран фарзанди як сарбози тоҷикест, ки солҳои 1972-1974 дар шаҳри Паланга дар маркази омӯзишии мушакандозии Клайпеда дар Округи низомии Прибалтийск дар сафи артиши шӯравӣ хидмат кардааст. Исми модари марҳуми ӯ Янина Первая ва падараш — Каримов аст. Замони ошноӣ бо Янина марди тоҷик худро ҳамчун Эдик Каримов муаррифӣ кардааст.
Маълум нест, ки сарнавишти ин мард чӣ шуд ва то куҷо ӯ дар бораи таваллуди духтараш дар кишвари назди Балтика 42 соли пеш хабар дорад ё на. Ҳоло ин зан мехоҳад, решаҳои тоҷикистонии худро пайдо ва барқарор кунад. Ҳанӯз талошҳояш натиҷа надодааст. Дар як сӯҳбат аз шаҳри Паланга Йургита ба хабарнигори Радиои Озодӣ саргузаштҳои худро нақл кард. «Ман падарамро меҷӯям ва аз Шумо хоҳиш мекунам, ба ман кумак кунед. Кумак кунед, то падарамро, ки дар Тоҷикистон аст, пайдо кунам. Насаби ӯ Каримов аст, номашро намедонам. Фақат ҳаминро медонам, ки рафиқонаш дар Литва ӯро Эдик ном мебурданд. Соли таваллуди ӯ шояд 1952 бошад, чун солҳои 1972 то соли 1974 дар артиш хидмат кардааст. Чун намедонистам ба куҷо муроҷиат кунам ва аз баъзе одамон пурсидам ва онҳо Шуморо ба ман тавсия доданд», — афзуд ӯ.
Радиои Озодӣ: Йургита шумо гуфтед, модаратон Янина Первайа бештар дар бораи падаратон қисса мекард. Чӣ мегуфт дар бораи ӯ?
Йургита Авгул: Чизи бисёре нагуфтааст, фақат ҳамин ки дӯстони хуб буданд. Аз ӯ пурсида будам, ки аксҳои падарамро дорад, гуфт, ки надорам. Як акси хурди ӯро доштааст, вале ба сабабҳои оилавӣ падарандарам гирифтааст ва нахостааст, ки он акс дар хонаи мо бошад. Ман мегуфтам, ки афсӯс чаро нест, ман бисёр мехостам, падарамро бубинам, ки чӣ гуна аст. Вале модарам мегуфт, ки як бор ба оина бингар, чашмонаш бузургтар, мижгонҳояш дарозтар ва ӯро мебинӣ. Модарам
Янина Первая
ҳамчунин мегуфт, ки мехостанд, бо падарам издивоҷ кунанд, якҷо зиндагӣ кунанд, вале дар бораи ҷойи зиндагӣ ба мувофиқа нарасиданд. Шояд ҷавон буданд, падарам нахост, дар Литва бимонад ва модарам аз рафтан ба кишвари ношинос тарсидааст. Ба ман нақл карда буд, ки ҳатто бобоям, падари падарам ба Литва омада ва хостааст, ӯро барои рафтан ва зиндагӣ дар Тоҷикистон моил кунад. Вале шояд модарам аз рафтан ба кишвари ношинос тарсидааст.
Радиои Озодӣ: Онҳо чанд сол бо ҳам буданд?
Йургита Авгул: “Ман аниқ намедонам, вале мумкин соли 1973 бо ҳам вохӯрда бошанд. Падарам баҳори соли 1974 бозгашта ба Тоҷикистон рафтааст ва ман зимистони ҳамин сол таваллуд шудаам. Намедонам, чанд сол бо ҳам буданд, вале на бештар аз ду соли хидмат. “
Радиои Озодӣ:Модаратон нагуфт, ки баъди поёни хидмат ва бозгашт ба Тоҷикистон, падаратон ба ӯ менавишт, ё не?
Йургита Авгул: Не, наменавишт. Чунки агар менавишт, номаҳояшро медошт. Бисёр афсӯс мехӯрд, ки дар борааш кам медонист. Худам вақте бештар аз 10 сол доштам, фаҳмидам, ки падарам дигар аст. Барвақт фаҳмидам, ки падарам дар Литва, падари худам нест, падари аслиам дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Вақте 15-16-сола шудам, солҳои 1990 буд, дар ин бора дигар ҷиддӣ сӯҳбат мекардем. Модарам мегуфт, намедонад, ба кӣ ва куҷо муроҷиат кунад. Ва фаҳмидам, ки дар кишвари шумо онвақт ҷанг буд ва мегуфт, ки мумкин дар ин вақт чизе пайдо кардан мушкил бошад. Фақат ному насаб ва соли таваллудашро медонистам. Соли таваллудашро ҳам фақат бар асоси соли хидмату соли таваллуди худам тахминӣ медонам. Ман 31-уми декабри соли 1974 таваллуд шудаам, вале якуми январи соли 1975 навиштанд.
Янитаи ҷавон
Радиои Озодӣ: Шумо ҳоло аксҳои модаратонро доред, ки нишон бидиҳед?
Йургита Авгул: “Бале дорам. Ҳоло ба шумо нишон медиҳам. Ин акси дигараш аст, бо бародараш акс гирифтааст, ӯ бо бародараш дугоник буд. Ӯ мӯйҳои рӯшан дошт, мӯйҳояш тиллоӣ набуд. Мӯйҳояшро он замон шояд рӯшантар карда буд.
Радиои Озодӣ: Яъне шуморо падарандаратон бузург кард ва то 10 солагиатон ба шумо дар бораи падари аслиатон нагуфта буданд.
Йургита Авгул: Бале. Тавре гуфтам, то 10-солагӣ. Аз ин пеш ҳам мефаҳмидам ва бароям аҷиб буд, ки чаро ман мӯи сиёҳ дорам, вале дар хонаи мо касе мисли ман нест. Дар кӯдакистон ҳам гапҳои носазо мегуфтанд ва ман гиря мекардам. Барои ҳамин суол пайдо шуд ва ман аз модарам пурсидам, ки чаро ингуна аст ва модарам ба ман нақл кард. Метавонам акси хурдиамро нишон диҳам. Ингуна хурд будам ва бисёр ҷиддӣ будам.
Радиои Озодӣ:Оё дӯстони тоҷик ҳам доред?
Йургита Авгул: Не надорам. Чун баъди хориҷ шудан аз Иттиҳоди шӯравӣ мо кишварҳои алоҳида шудем, дигар ба ман муяссар нашуд, ки ба касе нависам. Вале баъд, Фейсбук ки пайдо шуд, ман саҳифа боз кардам, вале алҳол дӯстони тоҷик надорам.
Радиои Озодӣ: Солҳои тӯлонӣ гузашт ва шумо падареро меҷӯед, ки аслан надидаед. Чаро ҳоло тасмим гирифтед, ки ӯро пайдо кунед?
Йургита Авгул: Ин фикр маро солҳои тулонӣ азоб медиҳад. Аз вақте, ки фаҳмидам ҳамеша дар борааш фикр мекардам. Тавре гуфтам, аввал вазъи сиёсӣ имкон надод. Намедонистӣ ба куҷо ва кӣ муроҷиат кунӣ? Аммо ҳоло Интернет ҳаст ва имкони зиёди ҷустӯҷу вуҷуд дорад. Соли 2001 дигар дар Литва он қисмҳои низомӣ набуданд ва шавҳари ман боре бо афсари бознишаста вохӯрда ва аз ӯ пурсид, ки дар бойгониҳо метавонем, чизеро пайдо кунем. Ӯ гуфт, ки дигар чизе нест, вале ба шавҳарам як нишониро дод, ки ба бойгонии низомии Маскав нависам. Ман ба онҷо навиштам, вале ба ман ҷавоб доданд, ки маълумоте дар ин бора надоранд. Ман ҳамеша барномаи «Жди меня»-ро тамошо мекардам, дар Литва айни барномаҳо вуҷуд доранд, ба онҳо муроҷиат кардам, вале гуфтанд, ки фақат дар худи Литва ҷустуҷӯ мекунанд. Баъдан дар хориҷ ҳам ҷустӯҷуро шурӯъ карданд, боз нома навиштам ба онҳо ва ба барномаи «Жди меня» нома навиштам, вале ҷавобе нагирифтам. Барои ҳамин ба навиштани мустақим ба мардум шурӯъ кардам. Интизор шудам, вале вақт мегузарад.
Радиои Озодӣ:Дар бораи хонаводаатон мегуфтед, онгуна ки ман фаҳмидам, як духтар ҳам доред?
Йургита Авгул дар тифлӣ.
Йургита Авгул: Шавҳар дорам, як духтар дорам. Шавҳарам бисёр вақт маро ташвиқ мекунад, ки ҳар қадар метавонам, бинависам, маро бисёр дастгирӣ мекунад. Духтарам ҳам мегӯяд, модар ман бисёр мехоҳам, ки шумо падаратонро пайдо кунед. Барои ман ҳам ҷолиб аст, ки бобоямро бубинам. Тавре ман гуфтам модарам Янина Первая 16 сол пеш даргузашт, падари шавҳарам ҳам барвақт фавтидааст, модараш низ чанд сол пеш даргузашт. Духтарам барои ҳамин мегӯяд, ки бубинед, мо ҳеҷ кас надорем, на бобо ва на бибӣ. Ҳамаи ҳамин чизҳо ҷамъ шудааст ва барои ҳамин бисёр мехоҳам, ӯро ёбам. Мехоҳам решаҳоямро пайдо кунам, бубинам, пешиниёнам кӣ ҳастанд. Ман намедонистам, бо падар зистан чӣ гуна аст, муносибати духтару падар чӣ гуна аст. Мехоҳам бидонам, ки ба кӣ монандам, модарам мегуфт, ки ба падарат монанд ҳастӣ, вале худашро надидаам. Масалан мегӯянд, ки духтар ба падар монанд аст ё ба модар, ман инро эҳсос накардаам.
Радиои Озодӣ: Шумо фикр кунед, ки падаратон шуморо мебинад. Ба ӯ чӣ мегуфтед?
Йургита Авгул: Ман бисёр мехоҳам туро бубинам. Умедворам ва фикр мекунам, ки як сюрпризи шодиовар хоҳам буд. Мехоҳам эҳсос кунам, ки дар байни ту ва ман иртиботи падару духтарӣ ҳаст. Сахт аст, чизе гуфтан, вале умедворам хурсанд мешавад, ки ман ӯро ҷустӯҷу дорам ва мехостам бо ӯ мулоқот кунам.
Радиои Озодӣ: Ва шумо ҳоло дар телевизион ҳастед ва бисёриҳо шуморо мебинанд, ба онҳо муроҷиате дошта бошед, марҳамат бигӯед.
Йургита Авгул: Мехоҳам ба шумо муроҷиат кунам, ки агар шумо метавонед, шояд ин гуна қиссаро шунида бошед, шояд аз мардум пурсед. Мушкил аст гуфтан барои ман, Аммо пурсед ва агар чизе фаҳмидед, хабар диҳед.
Радиои Озодӣ: Ташаккур Йургита, мо умедворем, онҳое, ки барномаҳои моро мебинанд ва гуфтӯгуи мову шуморо мехонанд ва агар касеро, бо насаби Каримов мешиносанд, ки солҳои 1972 то соли 1974 дар зодгоҳи шумо шаҳри Палангаи Литва дар маркази омӯзишии мушакандозии Клайпед, дар Округи низомии Прибалтийск хидмат кардааст, ба мо ҳатман менависанд, ё хабар медиҳанд. Телефони мо +420 725 053 959 аст, аз тариқи ИМО вайбер, телеграм ва ё Вотсамм метавонед бинависед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ