Боғдорони Суғд зиёда аз 5000 тонна мева содирот кардаанд
Дар шаҳру ноҳияҳои нисбатан гарми вилояти Суғд ҷамъоварии меваҷот оғоз ёфта, то имрӯз боғпарварони вилоят беш аз 5000 тонна мева содирот намудаанд. Дар ин бора зимни боздиди раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» маълумот дода шудааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси вилоят аз қитъаи боғҳои себ, зардолу ва бодоми «Боғи миллии Ваҳдат» боздид карда, барои ҷамъоварии ҳосили пухта расида, махсусан зардолуву гелос ва банду басти он ба масъулин тавсияҳо додааст.
Таъкид карда шудааст, ки “коргарони «Боғи миллии Ваҳдат» ҳамасола миқдори зиёд меваҳои хуштамъро ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ мекунанд. Соли ҷорӣ низ меваҳои дар ин муассиса истеҳсолшаванда вориди бозорҳои вилоят гардида, саҳми боғдорон дар таъмини бозори дохилӣ бо меваҳои гуногун шоиста мебошад”.
Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2008 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии боғҳои он 631 гектарро ташкил медиҳад.
— Дар идома раиси вилоят аз боғу токзори ҶДММ «Зерновая компания» ва соҳибкори инфиродӣ Дадохон Очилов, ки дар ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст, дидан намуда, ба фаъолияти боғдорон баҳои баланд дод,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ