Бо фармони Президент маошу стипендия 20% зиёд шуд

Шурӯъ аз имрӯз, 1 июл ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 600 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуда, маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Ин тасмим дар асоси фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 13 январи соли ҷорӣ, №312, “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” амалӣ мегардад.

Тибқи банди дуюми фармони Сарвари давлат, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм (ба истиснои кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он), фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад. Инчунин, андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, 366 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба андозаи 745 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 830 сомонӣ муқаррар карда шуда, маоши вазифавии кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ, прокуратура ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд.

Стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) низ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд. Аз 1 июл ҳамчунин андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятим ва ноболиғон, ки бинобар маҳрум шудан аз саробон ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақа таъин ва пардохт мегардад, ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд гардид.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тибқи фармони Президенти кишвар, аз 1 январи соли 2022 маоши вазифавии (меъёрҳои тарифи) хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуда буд. Ҳамзамон, маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 830 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 745 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *