Бо «Сад дона демидрол» худкӯшӣ кард
Пас аз зуҳури рӯзи шанбе хабари худкушии боз як духтари 17- сола ноҳияи Фирдавсии пойтахт, алалхусус микрорайони 65-ро такон дод. «Хабар дорӣ як духтарак худашро куштааст…» Ин гуфтугузорҳо баъдан дар тамоми шаҳр паҳн шуд.. .
Андешаҳои гуногунанд
-Шумо хабар доред, як нафар даст ба худкушӣ задааст,- пурсидам аз хонандагоне, ки аз дарс дар мактабе , ки худкушӣ шуда буд, бармегаштанд.
-Бале, ҳамон Мадинара меген? апа, -аз миёни тӯдаи мактаббачаҳо як духтараки жулидамӯй овоз баровард. — Номашро намедонам, вале медонам, ки хонандаи мактаби 78 аст. Худи худаш аст, вай духтари хушрӯ буд, сап-сафед қадбаланд. Лекин намедонам, ки чаро чунин карда бошад,- бо оҳанги ҳазин ҷавоб дод ӯ.
-Духтараке, ки худаша куштаст, дору хӯрдаст. Доруи димедрол. Дар хонашон мехӯраду дар мактаб вақти дарс меғалтад. Меган хушдор доштааст. Вай ҳамин якшанбе тӯйи хонадоршавӣ доштаст, ин духтар худашро як рӯз пеш аз тӯйи ӯ кушт,- гуфт зане дар кӯчаи наздикии мактаб. Вақте фаҳмид, ки мо журналистем, дар як лаҳза аз назди мо дур шуд.
-Аҷаб духтари зебову хушқомат будааст. Меган чанд рӯз пеш нақшаи дорухӯрӣ доштааст. Лекин дар гӯшаи хаёли касе наомадааст, ки ӯ ин корро мекунад….
-Рӯзи якшанбе хушдораш тӯйи хонадоршавӣ дораду ин духтари беақл худашро барои ӯ шуда аз ҳаёт маҳрум сохт.
Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат
Роҳ сӯйи мактаби миёнаи №78-и шаҳри Душанбе пеш гирифтем, то овозаҳои гуногунро ба эътибор нагирем ва асоси воқеаро аз хонандагони ҳамсинфи духтари худкуш ба даст орем. Ростӣ, касе намехост ҳақиқати ҳолро ба мо гӯяд, чунки ба онҳо “насиҳат” карда буданд, ки ба касе дар ин бора маълумот надиҳед. Бо ваъдаи он ки номи шумо ифшо намегардад, тавонистем нафареро ба гап дароварда, маълумоти лозимиро дастрас намоем.
-Апаҷон, кафолат медиҳед, ки номи ман пинҳон мемонад, яъне ному насаб ва кӣ буданамро ошкор намесозед? –савол дод ин нафар, ки мо аз ӯ В. Л. ном мебарем.
Ваъда додем, ки ҳамин тавр мешавад.
-Мадина аввали соли хониши 2015 аз мактаби 57 ба мактаби 78 барои идомаи таҳсил омад. Духтараки хуб буд, ба касе кор надошт. Як моҳи охир фақат зиқ менамуд. Рӯзи ҷумъа (22 апрел) ба дарс омаду аз аҳволаш пурсон шудам. Ба ман гуфт, ки аз як дугонааш мефаҳмад, ки нағздидааш зан мегирад, димедрол, яъне ҳаб (таблетка) хӯрдааст. Ман ба ӯ таъкид кардам, ки мабодо ту ҳам ҳамин корро такрор накунӣ. Ҳамин тавр, рӯзи дигар, яъне рӯзи шанбе каме дертар ба дарс ҳозир шуд. Ба рангу рӯяш назар кардаму беҳоливу сафедии рӯяш маро ба даҳшат андохт. Аҳволашро пурсон шудам. Чизе нагуфт. Дарси якум сар шуда буд. Мадина дар синфи 10 а мехонд.
Аз овозаи он ки бо писаре вохӯрии ошиқона дорад, пурсон шудам, иқрор нашуд ва гуфт, ки дурӯғ аст ин ҳарфҳо. (Худатон фикр кунед, кадом духтар қоил мешавад, ки ҳа ин рост аст.) Саводаш хуб буд, дар ин муддат маълум шуд, ки саводаш бад нест. Ҳар рӯз дар дарсҳо иштирок мекард, намедонем, ки чаро чунин карда бошад.
Вақте аҳволи Мадина тамоман бад шуд, ранги рӯяш сап-сафед буд. Фаҳмидем, ки ҷурғот меъдаро мешӯяд. Ба ин хотир ба даҳонаш ҷурғот рехтем, вале аллакай узвҳояш мадор надоштанд. Ба ёрии таъҷилӣ занг задем, онҳо дер карданду мо ба маркази саломатии №8 рафтем. Духтурон барои тозакунии доруҳои хӯрдааш шустушӯи меъда гузарониданд. Ду маротиба “припадка” қапиду дастонаш шах шуданд. Баъд аз ин рангаш кабуди баланд шуд. Дар як муддати кӯтоҳ ҳамаҷоро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иҳота карданд ва дар ҳамон ҷо ба ҳалокат расид.
— Шумо намедонед, ки чанд дона аз ин дору хӯрдааст?
-Шахсан ман намедонам, чунки ба ман нагуфтааст. Вале аз як дугонааш пурсидам, гуфт ки Мадина аз ман пурсид, ки “агар даҳ пачкаи доруро хӯрӣ, мемурӣ?”. Ин гапро аз чандин нафарон пурсидааст. Субҳи ҳамон рӯз ба як ҳамсинфамон гуфтааст, ки ман сад дона димедрол хӯрдам…
Оилаи Мадина
То ҷое медонам, падари марҳум ба Русия мерафту модараш хонашин аст ва дар оила як хоҳар доштанашро медонам, чунки дар рӯзи ҷаноза апа гуфта фиғон бардошта буд. Баъд аз вафоти духтарашон модараш гуфтааст, ки мо дигар даъво надорем, насибаш то имрӯз будааст, мурдаамона диҳед, мо меравем…
Мо хостем, ки ба хонаи Мадинаино равему бо волидонаш суҳбате дошта бошем, вале онҳоро дар хона наёфтем. Гуфтанд, ки худи ҳамон рӯз онҳо ҷасади Мадинаро ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бурдаанду айни ҳол касе дар хонаашон нест.
Ҳодисаҳои пай дар пай
Ин дуюмин ҳодисаи худкушӣ дар микрорайони мазкур дар муддати 15 рӯзи охир мебошад. Манучеҳр ном ҷавон бо сабабҳои номаълум худро аз аз ошёнаи ҳаштум ба замин андохт. Ба гуфтаи атрофиён волидон нияти хонадор карданашро доштанд ва ҳатто як духтарро номзад ҳам карда будаанд….
Маҳина Давлат
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ