Бо суръати сангпушт. Чаро дар Кӯшониён дар даҳ сол ҳам варзишгоҳ намесозанд?
Дар маркази ноҳияи Кӯшониён сохтмони як варзишгоҳ соли 2011 оғоз гардида, мутаассифона, бо гузашти даҳ сол ҳанӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода нашудааст.
Ибод Шаҳбозхонов, сармуҳандиси Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки сабаби кашолкорӣ дар сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳияи Кӯшониён кам ва қисман ҷудо кардани маблағ аст. Ӯ мегӯяд, бо гузашти қариб 10 сол каму беш 800 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки барои сохтмони чунин иншоот ночиз аст.
“Соли 2020-ум 600 ҳазор сомонӣ ҷудо карданд. Соли 2021 ягон сомонӣ ҷудо накарданд, имсол низ. Арзиши лоиҳа зиёда аз 5 миллион сомонӣ аст. Бо баланд шудани қимати масолеҳи сохтмонӣ бо ин маблағ иншоотро сохта наметавонем. Камаш 7 миллион сомонӣ лозим аст”,-афзуд вай.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки соли 2022-юм дар умум 7 миллиону 500 ҳазор сомонӣ барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар ҳама иншооти зери назорати онҳо ҷудо шудааст, ки имсол ҳам барои варзишгоҳи марказии ноҳияи Кӯшониён ягон сомонӣ ҷудо намешавад.
Холмаҳмад Одинаев, сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон хилофи гуфтаҳои масъулини Раёсати сохтмони асосӣ афзуд, ки арзиши лоиҳавии сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳияи Кӯшониён 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ буд. “Бо баланд шудани қимати масолеҳи сохтмонӣ мумкин то чор миллион сомонӣ барои ба охир расонидани сохтмон дар иншооти мавриди назар лозим бошад”,- мегӯяд вай.
Аловиддин Амирзода, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 4-уми феврали соли равон баргузор гардид, гуфт, вобаста ба сохтмони варзишгоҳ аз раиси ноҳияи Кӯшониён пурсон шавем.
Дар баъзе аз иншооти зери мувозинати Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон бештар аз даҳ сол аст, ки корҳои сохтмонӣ оғоз шуда, бо сабаби сари вақт маблағгузорӣ нашудан сохтмонашон нотамом боқӣ мондааст. Мутахассисон бар ин назаранд, ки чунин кашолкорӣ дар корҳои сохтмонӣ боиси он мешавад, ки ба ҷойи 5 миллион сомонӣ 10 миллион хароҷот шавад. Арзиши лоиҳавии иншооте, ки даҳ сол пеш мушаххас шуда буд, имрӯз бо боло рафтани қимати масолеҳи сохтмонӣ тағйир меёбад.
Феълан дар вилояти Хатлон сохтмони 11 иншооти таъиноташон гуногун ба қавле бо суръати сангпушт пеш меравад. Ин иншоот асосан бо ҳиссаи буҷети вилояти Хатлон бунёд мешаванд.
Машраби АЛОВИДДИН,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ