Бобоҷонов дар рухсатӣ. Муҳаммадзода бо ҷои ӯ таъин шуд

Аминҷон Бобоҷонов, мудири бахши сохтмон дар мақомоти вилояти Суғд аз вазифааш барканор шуда, ба ҷойи ӯ Маъруф Муҳаммадзода таъин шуд.

Тавре ки ба Pressa.tj аз мақомоти вилояти Суғд хабар доданд, муаррифии Маъруф Муҳаммадзода дирӯз, 19 январ дар ҷаласаи назди раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт.

“Аминҷон Бобоҷонов ба синни нафақа нарасидааст. Ҳоло баъди барканорӣ дар рухсатии меҳнатӣ қарор дорад”,-гуфтанд мақомоти вилоят ба Pressa.tj   

Гуфта мешавад, ки Маъруф Муҳаммадзода соли сипаришуда аз мақоми раиси шаҳри Хуҷанд барканор шуда буд.   Маъруф Муҳаммадзода 29 июли соли 1962 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1984 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис — сохтмончӣ хатм намудааст.

Солҳои 1985 – 1986 дар вазифаи муҳандиси шуъбаи техникии трести «Сельстрой-2»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор карда, солҳои 1986 – 1990- фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун муҳандиси шӯъбаи истеҳсолӣ-техникӣ, устои КСМ-44-и трести «Сельстрой-2»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома додааст.

То соли 2011 дар ба сифати муҳандис дар корхонаҳои сохтмонӣ фаъолият намудааст.

Солҳои 2011 – 2014 дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 2014 – 2015 мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буд.

Аз январи соли 2015 то соли 2017 дар вазифаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият кардааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 31 марти соли 2017 Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардида, то моҳи ноябри соли 2020 дар ин вазифа кор кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *