Бохтар. Кӯдакистони сӯхтаро бозсозӣ карданд (аудио)
Муассисаи томактабии рақами 2-и шаҳри Бохтар баъди сар задани сӯхтор дубора барқарор карда шуд. Барои бозсозии иншооти мавриди назар 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ масраф шудааст.
Шаъмигул Шарифзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфт, ки фардо кӯдакистон бо иштироки раиси вилояти Хатлон ифтитоҳ хоҳад шуд. Дар ин муассисаи томактабӣ 120 кӯдак дар шароити хуб ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо ашёи зарурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
“Ҳоло лавозимоти хониш ва ҷойи баргузории машғулиятҳоро дуруст карда истодаем. Бинои кӯдакистон бо сифати баланд сохта шудааст. Баъди ба фаъолият оғоз карданаш шумораи кӯдакони муассаи томактабии рақами 6 ва 9 кам мешавад. Баъди сар задани сӯхтор аз ноилоҷӣ кӯдакони муассисаи томактабии рақами 2-ро ба ду кӯдакистон, рақами 6 ва 9 тақсим кардаем. Ҳоло дар ин муассисаҳо шумораи кӯдакон каме зиёд аст”,- афзуд вай.
Комрон Гулов, сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки барои бозсозии бинои муассисаи томактабӣ 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Ӯ афзуд, ки 500 ҳазор сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ва боқимонда аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ ҷудо шуда буд.
Ёдовар мешавем, муассисаи томактабии рақами 2 ҳанӯз 25-уми ноябри соли 2020 дар натиҷаи сар задани сӯхтор хароб шуд ва аз фаъолият бозмонд.
Сиҷоуддин Саломзода, шаҳрдори Бохтар 15-уми феврали соли 2021 дар нишасти хабарӣ иддао карда буд, ки бинои кӯдакистон бо саҳми соҳибкорон пурра барқарор мешавад. Аммо барои пурра ба охир расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мариди назар аз буҷети маҳаллӣ 500 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ