Бонувони тоҷик доварони Ҷоми Осиё-2024
Ду бонуи тоҷик Нодира Мирзоева ва Дилшода Раҳмонова дар бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни духтарони то 17-сола ва 20-соларо ҳакамӣ карданд.
Онҳо дар даври аввали интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни духтарони то 20-сола дар гурӯҳи «D», ки аз 8-ум то 12-уми март дар пойтахти Урдун — шаҳри Аммон баргузор шуд, доварӣ карданд. Футболбозони ин гуруҳ дастаҳои дастаҳои Лубнон, Урдун, Муғулистон ва Бутан буданд.
Бону-доварони тоҷик ба рӯйхати доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё шомиланд.
Нодира Мирзоева ва Дилшода Раҳмонова барои ҳакамии бозиҳои минбаъдаи Ҷоми Осиё-2024 ба Сингапур мераванд ва мусобиқаи байни духтарони то 17-сола дар гурӯҳи «D», ки аз 26 то 30-уми апрел баргузор мегарданд, доварӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ