Бовар намекунанд, ки гӯям Хуҷандиям. Рӯзи шаҳри Хуҷанд
Имрӯз мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи шаҳри Хуҷандро таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат, шаммае аз таъриху фарҳанги ин хуррамзамин манзури хонандагон мегардонем.
Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Миёна мебошад, ки ҳамчун маркази тиҷорат машҳур ва аз инҷо “Роҳи бузурги абрешим” мегузашт, ки Осиё ва Аврупоро пайваст мекард. Таърихшиносони қадим Хуҷандро “Тирози ҷаҳон” ё “Арӯси даҳр” номида, аз мардуми бофарҳанги он ёдовар шудаанд.\
Хуҷанд дорои яқ қатор ёдгориҳои таърихӣ мебошад, ки Мақбараи шайх Муслиҳиддин (а. XIV) ва боқимондаи Қалъаи Хуҷанд — Ӯрда (а. VII—VIII) аз қабили онҳост. Дар бинои тарҳрезишудаи Қалъаи Хуҷанд ҳоло, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бунёд гардидааст. Дар ҳаминҷо, назди соҳили Сирдарё нимпайкараҳои адибону аломаҳо ин диёр гузошта шудааст. Дар соҳили рости дарёи Сир дар давраи шӯравӣ ҳайкали В. И. Ленин қомат афрохта буд (ҳоло, ба ҷойи он муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст). Дар маркази шаҳр, инчунин ҳайкали ёдгории ҷанговароне, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанй шаҳид шудаанд ва нимпайкараҳои инқилобчиёну ходимони намоёни давлативу фарҳангии хуҷандӣ гузошта шудааст.
Шаҳри Хуҷанд зодгоҳи як зумра шахсони бузурги таърихист. Олимон — мунаҷҷим ва риёзидон Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ (а. X), ҷуғрофияшинос ва сайёҳ Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов (1842—1925), шоирон Маҳастии Хуҷандӣ (а. XII), Камоли Хуҷандӣ (а. 14), Муҳаммадаминхоҷаи Кошиф (1825—87), Тошхӯҷаи Асирӣ (1864—1916), Абдуллои Файёз (1847—1934) ва диг. арбобони илму маданият ин ҷо касби камол кардаанд.
Хуҷанд бо намояндагони илму адаби форсу тоҷик ба монанди Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ (а. X) — мунаҷҷим ва риёзидон, Маҳастии Хуҷандӣ (а. XII) — адиба, Камоли Хуҷандӣ (а. XIV) — шоир, Муҳаммадаминхоҷаи Кошиф (1825–1887) — шоир, Тошхӯҷаи Асирӣ (1864–1916) — шоир, маорифпарвар, Абдуллои Файёз (1847–1934) — шоир, Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов (1842–1925) — ҷуғрофияшинос ва сайёҳ ифтихор дорад. Марказҳои фарҳангии Хуҷанд — Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ (Хуҷанд) (таъсис,соли 1917), Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ (Таъсис,соли 1932), Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар ш. Хуҷанд, 4 мактабҳои таҳсилоти олӣ ва диг. муассисаҳои илму фарҳанг ва маориф мебошанд. Чунин шахсиятҳои номдор ба монанди Фарзона, Розия Озод, Мавҷуда Ҳакимова, Норинисо — адибаҳо, Муҳаммад Осимӣ — (1920–1996) файласуф, академик, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Юсуф Носиров — (1932–2007) биолог, академики Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Маъруфхоҷа Баҳодуров — (1920–1997) овозхон,Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон, Мунзифа Ғаффорова — (1924–2013) файласуф, доктори илм, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Зикриё Бобохоҷаев, табиб, клинитсист, доктори илм, профессор, Ҷӯрабек Набиев — (соли 1941), овозхон, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон ва диг. зодагони ш. Хуҷанд, дар Тоҷикистон соҳиби шӯҳрат шудаанд.
Амони Муҳаммад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ