Боз 17 сарбозу афсар аз Чукчук ба Тоҷикистон фирор карданд

Сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани робитаи неки инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон иҷозат доданд.

Мақомоти марзбонии КДАМ мегӯянд, субҳи 27-уми июни соли 2021 гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон»* ба мавзеи сарҳадбонони ҶИА воқеъ дар постгоҳи сарҳадии Чукчуки вулусволи Калдори вилояти Балхи Афғонистон ҳамла намуданд.

«Дар натиҷаи ин задухӯрд, ки то соати 12:50 идома ёфт, 17 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, тавассути ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳи 1-уми ОС 0305-и “Шаҳритус”, сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Тоҷикистон фирор намуданд», — омадааст дар изҳороти мақомоти марзбонӣ.

Манбаъ таъкид кардааст, ки сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани робитаи неки инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон иҷозат доданд.

КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, вазъияти умумӣ дар ин минтақа мураккаб боқӣ монда, задухӯрдҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои ҳаракати “Толибон” ва қувваҳои ҳукуматии Афғонистон идома дорад.

Қаблан низ дар пайи ҳамлаи «Толибон» дар минтақаи Шерхон — бандар беш аз 130 низомии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, ки баъдан ба Ватан баргардонда шуданд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *