Боз 7 роҳи дигар пулакӣ шуд, президент тарафдор…
Аз 1-уми ноябр дар Қазоқистон ҳафт роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро пулакӣ карданд. Гаронтарин пардохт ҳангоми убур аз ин 7 шоҳроҳ барои мошинҳои боркаш таъйин шудааст.
Аз шаҳри Нурсултон то Павлодари Қазоқистон барои мошинҳои сабукрав қариб 1 доллар, аммо барои мошинҳои боркаш 20 доллар муайян шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар ин масир роҳи алтернативии ройгон мавҷуд нест.
«Ҷорӣ кардани роҳҳои пулакӣ — тасмими дуруст аст. Сохтмони роҳҳо аз ҳисоби буҷаи давлат номумкин аст. Ба ҷуз ин, Қазоқистон бояд аз ҳисоби транзит фоида ба даст оварад», — гуфт дар ҳимоят аз роҳҳои пулакӣ президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев.
Дар моҳи июни соли ҷорӣ — замоне, ки мақомдорони Қазоқистон қарори пулакӣ кардани роҳҳоро омода мекарданд — ронандагони мошинҳои боркаш дар он кишвар эътироз карданд.
Ҳоло ронандагон дигар эътироз надоранд, аммо шубҳа доранд, ки пулҳои ҷамъоваришуда барои беҳбудсозии роҳҳо сарф шавад.
Коршиносон мегӯянд, яке аз паёмадҳои пулакӣ шудани роҳҳо дар Қазоқистон ин болоравии қимати маҳсулоти ғизоӣ ва дигар маҳсулот хоҳад буд. Айни замон 80 дарсади молу маҳсулот дар Қазоқистон тавассути мошинҳои боркаш кашонида мешавад,хабар медиҳад «Озодӣ».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ