Боз худкушӣ дар Вахш! Ин дафъа корманди собиқи милитсия (аудио)

Капитан Фазлиддин Назарзода, собиқ нозири минтақавии ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш даст ба худкушӣ задааст. Ӯ моҳе пеш бо ҷурми сӯйистифода аз мақом 3 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум ва паси панҷара рафта буд.

Бино ба иттилои хабаргузории “Бомдод”, капитан Фазлиддин Назарзода ҳафтаи гузашта дар боздоштгоҳи шаҳри Бохтар худкушӣ кардааст. Гуфта мешавад, сабаби худкушии ӯ маълум нест, вале манбаи огоҳ гуфтааст, ки капитан Назарзода ҳангоми интиқол дар маҳбас даст ба ҷони худ зада, худро дар ҳуҷраи боздоштгоҳ ба дор овехтааст.

Фазлиддин Назарзодаро 24-уми март дар зодгоҳаш, шуъбаи сеюми совхоз-техникуми ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Кӯшониён ба хок супоридаанд. Ӯ 38-сола ва соҳиби 3 фарзанд будааст.

Фазлиддин Назарзода соли 1983 дар ҳамин шуъбаи сеюми совхоз-техникуми ба номи Файзалӣ Саидов ба дунё омада, ҳамсабақи Кӯганов, собиқ комиссари ҳарбии вилояти Хатлон буд. Ӯ солҳои зиёде дар мақомоти милитсия кор карда, ахиран нозири минтақавии ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш буд.

Фазлиддин Назарзода моҳи августи соли 2021 бо иттиҳоми “подстава” кардани як сокини ноҳияи Вахш бо мақсади аз вай “пули калон кандан” дастгир шуд. Нафаре, ки капитан Назарзода барои “подстава” кардани он сокини Вахш интихоб карда буд, аз иҷрои супориши ин афсари милитсия тарсида, ба додситонӣ хабар дода ва кормандони додситонии вилояти Хатлон ним сол пеш ҳангоми ба дом афтондани он сокини ҷабрдида худи капитан Назарзодаро ба дом афтондаву ба ҳабс кашидаанд.

Моҳи феврали соли 2022 додгоҳ ӯро дар берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ гунаҳкор дониста, ба сеюним соли зиндон маҳкум кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *