Боз се кудаки ғарқшуда дар Душанбе…

Яке аз онҳо аллакай ҳангоми ғарқ шудан ҷон дода буд. Дуюмиро фавран ба маҷтамаи тандурустии “Истиқлол” интиқол доданд ва ҳоло дар шуъбаи эҳёи ин беморхона бистарист

Бино бар иттилои КҲФ-и Тоҷикистон санаи 16 – уми майи соли равон се писари ноболиғ, ки ду нафари онҳо фарзандони як оила буданд, дар рӯди Душанбе ғарқ шуданд.
Се писарбачаи ноболиғ, сокинони шаҳри Душанбе, ки яке 11-сола, дуюмӣ 8-сола ва сеюмӣ 7-сола буд, ҳангоми оббозӣ дар маҳалли Гулбута, шафати Корхонаи коркарди қуму шағали ҶДММ “Дарё” дар оби хурӯшони рӯди Душанбе ғарқ шуданд.
“Шаҳрванд Қурбоналӣ Мирзоев, ки иттифоқан аз ин мавзеъ мегузашт, хеле чолокона худро дар дарё зад ва ду нафари онҳо: бародарон Муҳаммадрасул ва Муҳаммадҷонро аз об берун овард. Мутаасифона, яке аз онҳо аллакай ҳангоми ғарқ шудан ҷон дода буд. Дуюмиро фавран ба маҷтамаи тандурустии “Истиқлол” интиқол доданд ва ҳоло дар шуъбаи эҳёи ин беморхона бистарист”, — зикр намудааст КҲФ.
Зикр шудааст, ки дастаи наҷотдиҳандагон, ки ба ҷойи ҳодиса расиданд, баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯиву наҷот худи ҳамон рӯз ҷасади навраси сеюмро аз об пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *