Боз таркиш дар пули Қрим. Маскав аз Киев гумонбар аст
Субҳи 17 июл бар асари таркш ҳаракати мошинҳо дар пули Қрим манъ шуд. Баъди шурӯъ шудани амалиёти низомии Русия дар қаламрави Украина бори дуюм аст, ки Пули Қрим мавриди инфиҷор қарор мегирад. Ин пул Русияро бо нимҷазираи Қрим мепайвандад.
Кумитаи миллии зиддитерористии Русия хабар дод, ки ҳамла ба пули Қрим ба воситаи ду бесарнишини неруҳои украинӣ анҷом шудааст.
Сергей Аксенов, раҳбари ин минтақаи аз сӯйи Русия ғасбшудаи Украина субҳи 17 -уми июл гуфт, пули Қрим бо сабаби сар задани як «ҳолати изтирорӣ» баста шуд. Вазорати нақлиёти Русия эълон кард, ки дар таркиши Қрим, танҳо қисмати роҳи мошингарди пул осеб дидааст. Расонаҳо аз вайрон шудани қисматҳои дигари он хабар медиҳанд.
Моҳи октябри соли гузашта ҳам дар роҳи мошингарди пули Қрим мошини бомбгузоришуда таркид ва сабаби оташ гирифтани 7 қатори бӯшкаи бензин шуд. Мақомоти Русия он вақт ҳам Украинаро масъули ин кор дониста, ба шаҳрҳои калони ин кишвар бо бесарнишинҳо ҳамла карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ