Боз як мошини дуздӣ аз вагон дарёфт карданд

Рӯзи 12 ноябр дар истгоҳи роҳи оҳани Даугавпилси Латвия аз як вагоне, ки ба Тоҷикистон мерафт, як мошини «Porsche Cayenne”-и дуздиро пайдо кардаанд. Дар як соли охир ин бори сеюм аст, ки мошинҳои дуздӣ дар роҳ ба Тоҷикистон ошкор карда мешаванд.

Департаменти даромадҳои Латвия хабар дод, ки маъмурони гумруки ин кишвар рӯзи 12 ноябр дар истгоҳи роҳи оҳани Даугавпилс як вагон бо 10 мошини сабукравро тафтиш кардаанд. Ин вагон аз Литва ба Тоҷикистон мерафт.

Намояндаи расмии департаменти даромадҳои давлатии Латвия рӯзи 14 ноябр ба хабарнигорон гуфт: «Ҳангоми тафтиш аз байни мошинҳои ба ин вагон боркардашуда як мошини ҷипи тамғаи «Porsche Cayenne”-и рангаш сиёҳро пайдо карданд, ки дар рӯйхати мошинҳои дуздӣ буд. Ин мошинро қаблан дар яке аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дуздидаанд.”

Мақомоти Латвия аз гуфтани исми соҳиби бор худдорӣ карданд, вале гуфтанд, ки ин вагон бо ҳамаи 10 мошини сабукраваш, бо шумули ин «Порше”-и дуздӣ бор ба Тоҷикистон мерафт.

Дар солҳои охир дар матбуоти Аврупо дар бораи ба як бозори «обулой”-и мошинҳои дар Аврупо дуздишуда табдил ёфтани Тоҷикистон гузоришҳои зиёд ба нашр мерасанд. Танҳо дар як соли охир ин алакай бори сеюм аст, ки мошинҳои дуздӣ дар роҳ аз кишварҳои соҳили Балтика ба Тоҷикистон ошкор карда мешаванд.

Додситонии кулли Русия рӯзи 10 март хабар дод, ки додситонии нақлиёти ҳавзаи Шимолу Ғарб алайҳи соҳибкорони тоҷике, ки мехостанд 4 мошини «Porsche Cayenne” ва қисмҳои эҳтиётиро ба таври қочоқӣ аз Аврупо ба Тоҷикистон интиқол диҳанд, парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи расмии додситонии кулли Русия, дар натиҷаи санҷиши додситонӣ «маълум шуд, ки дар як қатори роҳи оҳан, ки аз Ҷумҳурии Литва тавассути вилояти Псков ба Тоҷикистон мерафт, ба ҷуз аз маҳсулоти ҷомашӯии дар гумрук сабтшуда ҳамчунин ба таври ғайриқонунӣ 4 мошини «Porsche Cayenne” ва қисмаҳои эҳтиётии васоили нақлиётӣ интиқол дода мешуд. Маблағи боҷу хироҷи гумрукии пардохтнашуда 22 миллиону 317 ҳазор рублро ташкил медиҳад.”

22,317 миллион рубл бо қурби имрӯза тақрибан 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Идораи гумруки вилояти Пскови Русия моҳи октябри соли 2016 хабар дода буд, ки дар посгоҳи гумрукии Себеж дар марз бо Литва ҳангоми тафтиши як қатори роҳи оҳан, ки аз шаҳри Вилнюси Литва ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон мерафт, дар байни маҳсулоти ҷомашӯӣ 4 мошини «Porsche Cayenne”, ки дар санадҳои гумрукии бор нишон дода нашуда буд, пайдо кардаанд.

Дар иттилоияи идораи гумруки Псков дар ин робита аз ҷумла гуфта мешуд: «Ҳангоми тафтиш маъмурони гумрук вагонро кушода, диданд, ки дар паси халтаҳои маҳсулоти ҷомашӯъ паллетҳо бо блокҳои бетону керамзит гузошта шудаанд. Баъди фаровардану аз нав баркашидани бор маълум шуд, ки дар вагон бори декларатсиянашуда – 4 мошини кӯҳнаи «Porsche Cayenne” низ ҳаст.Бино ба тафтиши муқаддамотии дафтари Интерпол дар вилояти Псков, яке аз ин мошинҳо дар Иттиҳоди Аврупо ҳамчун мошини дуздишуда сабт шудааст.”

Ҳамин тавр, пулиси Латвия моҳи декабри соли 2016 аз анҷоми парвандаи пурсарусадои шабакаи қочоқбаре хабар дод, ки се узви он ҳангоми талоши ба Тоҷикистон фиристодани 20 мошини гаронбаҳои дуздӣ ба даст афтодаанд. Дар хабари расмии пулиси Латвия гуфта мешавад, ки соли таваллуди се марди боздоштшуда 1981, 1946 ва 1969 буда, ин шабака аз қаламрави Латвия барои транзити мошинҳои дуздӣ истифода мебурд.

Аъзои шабака соли 2014, замоне ба даст афтоданд, ки маъмурони гумруки Латвия асноди ба назари онҳо 20 мошини барои интиқол ба Тоҷикистон омодаро дар қатори роҳи оҳан тафтиш карданд. Дар пайи ҷалби пулис ба тафтиши ин аснод маълум шуд, ки аксари мошинҳои равонаи Тоҷикистон дуздӣ буда, дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Пулиси Латвия мегӯяд, як узви ин шабака, соли таваллудаш 1981 интиқоли мошинҳои дуздӣ аз Литва ба Латвияро ба роҳ монда буд, то аз инҷо тавасссути қатори роҳи оҳан ин мошинҳоро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Аз қаторе, ки мебоист ба Тоҷикистон мерафт, пулис 20 мошини гаронбаҳои аксаран дуздии навъҳои Audi, Mersedes Benz, BMW, Honda, Toyota Corolla Verso, Toyota Land Cruiser ва Lexus-ро мусодира кардааст.

Ин мошинҳо, ба гуфтаи пулис, дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дуздӣ шудаанд.

Нашрияи олмонии «Билд” дар соли 2013 дар бораи дар Тоҷикистон озодона ҳаракат кардани дастикам 200 мошини дар Аврупо дуздишуда гузориш дод ва гуфт, бархеи ин мошинҳоро наздикони мансабдорони баландпояи тоҷик саворӣ мекунанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳудуди ин кишвар кашф шудани 127 мошини дуздиро эътироф кард, вале гуфт, ин рақам дар баробари беш аз 7 миллион мошини дуздие, ки дар рӯйхати Интерпол аст, хеле ночиз аст ва таъкид рӯи Тоҷикистон ҳамчун як макони умдаи фурӯши мошинҳои дуздӣ бештар ба як фазосозии иттилоотӣ мемонад.

Бо ин вуҷуд, дар соли 2014 вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вокуниш ба қазияи мошинҳои дуздӣ барои сабти номи мошинҳои гаронбаҳои воридотӣ 90 рӯз мӯҳлат таъйин кард, то дар ин муддат тавассути базаи Интерпол дақиқ кунанд, ки мошин дуздӣ аст ё на. Ин муқаррарот барои мошинҳои «седан”-и нархашон аз 30 000 доллар боло ва барои мошинҳои «Ҷип”-и қиматашон на камтар аз 40 000 доллар таъйин шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *