Боз як Рустам даъвои президентӣ дорад
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон имрӯз номзадии роҳбари худ Рустам Раҳматзодаро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард.
Раиси ҲИИТ дар баромадаш гуфт, ҳадафаш кам кардани камбизоатӣ ва рушди иқтисод аст, вале айни замон аз кори ҳукумати кунунӣ зиёд ситоиш кард ва гуфт, мехоҳанд рушди иқтисодро солона ба 10 дарсад расонанд.
Рустам Раҳматзода ҳамчунин гуфт, ҳадафи дигараш ислоҳот дар низоми бонкӣ аст.
Ҳоло аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон то ҳол номзадҳои Ҳизби аграрӣ, сотсиалистӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ маълум шуданд. Ҳизби аграрӣ номзадии Рустам Латифзода, Ҳизби сотсиалистӣ номзадии Абдуҳалим Ғаффоров ва Ҳизби демократ номзадии Саидҷаъфар Усмонзодаро пешниҳод кардааст.
Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ин номзадҳо ба хотири “пуррақобат” нишон додани интихобот дар Тоҷикистон аст. Иддаое, ки номзадҳо ва ҷонибдоронашон рад мекунанд.
Ҳизбҳои коммунист ва халқии демократии Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябр номзадҳои худро пешниҳод мекунанд. Ин интихоботи шашуми президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ