Боз як табиби тоҷик моро тарк гуфт

Одил Давлатов, табиби эҳёгари Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дар ҷои кораш аз олам даргузашт. Ӯ ҳамагӣ 54 сол дошт ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад.

Тавре ҳамкоронаш иттилоъ додаанд, шаби 15 ба 16 январ, соати 21 дар ҷойи кораш ҷон ба Ҳақ супорид. Раъно Абдуллоева, сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент ба хабаргузории “Sputnik” гуфтааст, Давлатов рӯзи 15 январ навбатдор буд, вале бегоҳӣ дучори дарди сар шуда, бо ҳамин ҷон ба Ҳақ таслим кард. Ба гуфтаи Раъно Абдуллоева, соли гузашта Одил Давлатов як дафъа сактаи хурди мағзӣ — микроинсултро аз сар гузаронда буд.

«Ба вазъи саломатии худ нигоҳ накарда, бо хоҳиши худ ба шуъбаи сироятшиносӣ, барои муолиҷаи беморони коронавирус ба кор гузашта буданд. Дирӯз дар шуъбаи эҳё дар ҷойи кор бандагӣ кардаанд”, — гуфтааст сартабиб. Раъно Абдуллоева марҳумро аз табибони масъулиятшиноси шаҳри Панҷакент ном бурд ва гуфт, табобати аксар беморони вазнини шуъбаи эҳёро маҳз ӯ ба уҳда мегирифт.

Даргузашти Одил Давлатовро ҳампешагон як талафоти ҷуброннопазир барои соҳаи тибби шаҳри Панҷакент хонданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *