Боз як журналисти тоҷик моро тарк кард

Яздонқул Мавлонов, журналисти собиқадори ТВ «Симо»-и шаҳри Панҷакент дар синни 69 — солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ чанд соли охир аз бемории саратон ранҷ мебурд.

Тавре ки аз ТВ «Симо»-и шаҳри Панҷакент ба Pressa.tj хабар доданд, Яздонқул Мавлонов солҳои зиёд дар ин телевизион фаъолияти пурсамар дошт. Даҳҳо барномаҳои ҷолибу диданӣ ва матлабҳои хонданиву дардхӯр ба ҷомеаро омодаву пешкаши хонандагону бинандагон намудааст.

Дар рӯзномаи «Зарафшон» низ Яздонқул Мавлонов фаъолияти эҷодӣ дошт. Ҳамчунин, ӯро дар Панҷакент мардум бештар ҳамчун маҳфилоро хушсуҳбат мешинохтанд.

Ҷаноза имрӯз, 20-уми октябр, соати 11 дар қабристони «Сари камар» баргузор мегардад.

ҚАЛБИ МОРО СӮХТӢ

Дар вафоти нобаҳангоми рӯзноманигор Яздонқул Мавлонов

Лоласон андар канори дашту саҳро сӯхтӣ,

Дарди мо афзун намудию даворо сӯхтӣ.

Суҳбати ҷонпарваратро доштӣ аз мо дареғ,

Дар азои хеш ҷамъи ошноро сӯхтӣ.

Солҳо пайдо намудӣ нони худро аз қалам,

Хомаи худ, яъне ганҷи бебаҳоро сӯхтӣ.

Будӣ дар базми садоқат чираю оташзабон,

Бо ҳамин оташзабоният саропо сӯхтӣ.

Аҳли дилро кардӣ армонӣ ба ёди рӯи худ,

Дар хаёли хеш Симову Садоро сӯхтӣ.

Гавҳари қимматбаҳое будию рафтӣ зи каф,

Бо ғуруби хеш Хуршеди саборо сӯхтӣ.

Ҷисми худро сӯхтӣ дар кӯраи андуҳу дард,

Дар замин дарёю дар гардун сафоро сӯхтӣ.

Об мерезад зи чашми мо чу рӯди Зарфишон,

Рафтию бо рафтани худ қалби моро сӯхтӣ.

Исмоил Зарифӣ, шоир

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj аз даргузашти ҳамкасби худ андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *