Боздиди раиси вилоят аз мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Ишкошим

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Ишкошим дидан кард.

— Ҷиҳати расонидани кумаки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони ноҳияи Ишкошим, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба ноҳияи Ишкошим сафар карданд ва бо зарардидагон аз наздик суҳбат доир намуданд,- хабар медиҳад МИҲД-и ВМКБ.

Лозим ба ёдоварист, ки охири моҳи июни соли ҷорӣ бо сабаби гарм шудани ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим сел фаромада, ба сокинон зарари моддӣ расонида шуд.

Дар рӯзи аввали офати табиӣ бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон комиссияи давлатӣ таъсис дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Роштқалъа оғоз гардида, ба зарардидагони ноҳияи Ишкошим кумаки моддӣ расонида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *