Боздошти қочоқи молу маҳсулот ба маблағи 2 миллион сомонӣ
Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 10-уми июли соли 2023 аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Маниёзов К. Ҷ. бо иттиҳоми қочоқи молу маҳсулот ба маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ, ё ҳудуди 200 ҳазор доллар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, санаи 26-уми апрели соли 2023 зимни санҷиши аризаи шаҳрванд Сангов Р. М. дар корхонаи истеҳсолии “Яхдон”, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муайян шудааст, ки шаҳрванд Маниёзов К. Ҷ. дар ҳудуди ин корхона ду анборро ба иҷора гирифта, дар онҳо 1330 адад таҷҳизоти барқии хӯрокпазии тамғаи “Злато”, 600 адад таҷҳизоти барқии хӯрокпазии хурд, 4000 адад таҷҳизоти барқии гармидиҳӣ (радиатор)-и тамғаи “Bosh” ва “Samsung”, 2800 адад зарфҳои сафолӣ барои чойнӯшӣ (бокал)-ро ғайриқонунӣ, бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ нигоҳ доштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ