Боздошти автодилерҳои қаллоб дар Ӯзбекистон

Додгоҳи шаҳри Тошканд чаҳор намояндаи ширкатҳои “Уз Авто Премиум” ва “Авто Ало Групп МТ”-ро бо ҷурми қаллобӣ дастгир карданд.

Дар ин бора хабаргузории Fergana.ru бо истинод ба канали Sevimli ТВ хабар медиҳад.

Қаллобон 248 нафарро, ки аз онҳо 12 миллиард сӯм (зиёда аз 1 миллион доллар) ҷамъоварӣ шуда буд, фиреб додаанд.  Онҳоро аз 5 то 9,5 сол зиндон интизор аст.

Соҳибкорон ваъда додаанд, ки дар давоми ду ҳафта мошинҳои истеҳсоли Узбекистон — Cobalt, Nexia3, Gentra, Malibu ва Isuzu-ро ба муштариён хоҳанд дод. Аммо пас аз пардохти ҳаққи ибтидоӣ намояндагони ширкатҳо иртиботро қатъ карданд, мегӯянд ҷабрдидаҳо.

Тафтишот муайян кард, ки автолавкаҳо ғайриқонунӣ ташкил карда шуда, тоҷирон тавонистаанд тамоми 12 миллиарди ҳамчун пешпардохт гирифташударо тавассути корти бонкии корпоративӣ нақд кунанд.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, раҳбари ширкати “Уз Авто Премиум” тибқи чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста шудааст. Вай ба муддати 9 солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Мудири ширкати «Авто Ало Групп М.Т.» низ дар содир намудани ҷиноятҳо тибқи ҳамин моддаҳо муттаҳам дониста шуда, ба ҳашт солу шаш моҳ равонаи зиндон шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *