Боздошти боз як фолбину сеҳргаро дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе боз як фолбину ҷодугар боздошт ва бо ҳукми суд 5760-сомонӣ ҷарима шуд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, кормандони ШВКД-2 дар ноҳия Фирдавсӣ, Ҷобиров Қутбиддин Ҳоҷиевич, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Варзобро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳангоми машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дастгир намуданд. Зимни санҷиш муайян гардидааст, ки номбурда фолбиниву сеҳргариро василаи ба даст овардани даромад табдил додааст.

Тавре ки дар акс дида мешавад, дар назди ӯ ҳар гуна алаф ва булғорӣ, кабудӣ гузошта шудааст.
Нисбат ба Қутбиддин Ҷобиров аз ҷониби суд ҷарима ба андозаи 80-нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5760-сомонӣ таъин гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *