Байконур

Боздошти гуруҳи ҷиноӣ дар Байконур

Дар Қазоқистон раҳбарон ва аъзои як гуруҳи ҷиноие, ки дар Байконур фаъолият мекарданд, боздошт шуданд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсуси Русия ва Қазоқистон аз фаъолият ва боздошти гуруҳи муташаккили ҷиноӣ дар шаҳри Байконур хабар медиҳанд.

Тибқи иттилои мавҷуда, КНБ ва Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар якҷоягӣ бо ФСБ ва ВКД-и Русия дар шаҳри Байконур амалиёти вижаи муштарак анҷом додаанд. Дар натиҷа як гуруҳи муташаккили ҷиноии аз ҷиҳати иҷтимоӣ хатарнок, ки ба он шаҳрвандони Қазоқистон ва Русия шомил будаанд, дастгир шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳамзамон, шарикони ин гуруҳ дар шаҳрҳои Остона, Қизилӯрда ва Конаев боздошт шудаанд. Дар доираи амалиёти вижа дар маҷмуъ 18 сарвар ва аъзои фаъоли гуруҳи муташаккили ҷиноӣ ошкор гардида, дар маҳали истиқомати гумонбарон силоҳи оташфишон, пул ва дигар маводи мавриди таваҷҷуҳи тафтишот мусодира карда шудааст.

Тавре зикр мешавад, ҷинояткорон барои одамрабоӣ, тамаъҷӯӣ, инчунин ғоратгариҳои мусаллаҳона ва дуздӣ дар Байконур ва вилояти Қизилӯрда ҷавобгаранд. Аъзои ин гуруҳ бо бераҳмӣ дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин фарқ мекардаанд.

Тибқи созишномаи байни Маскав ва Остона Байконур воҳиди маъмурӣ-ҳудудии Қазоқистон буда, тибқи иҷора амал мекунад. Дар он барои бехавф истифода бурдани объектҳо, корхонаю ташкилотҳо, инчунин ҷои истиқомати шаҳрвандон режими махсус ҷорӣ карда шудааст.

Байконур аввалин космодром дар ҷаҳон аст, ки аз он ҷо радифи сунъии Замин сар дода шудааст. Инчунин, аввалин кайҳоннаварди сайёра Юрий Гагарин аз он ба парвоз баромадааст. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ космодром моликияти Қазоқистон шуд. Русия ҳамасола барои иҷораи Байконур 115 миллион доллар пардохт мекунад.

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *