Боздошти корманди милиса барои захмӣ кардани як сокини Восеъ

Дар Восеъ корманди милисаро бо гумони осеб расонидан ба шаҳрванди маҳаллӣ боздошт карданд.

Прокуратураи ноҳияи Восеъ  корманди милиса, лейтенанти калон Умедҷон Аминҷонзодаи 24-соларо  бо иттиҳоми ҳамла ва захмӣ кардани сокини маҳаллӣ Меҳроҷ Салоҳиддинови 38-сола боздошт кардааст.

Гуфта мешавад, 31-уми август байни сокини маҳаллӣ Меҳроҷ Салоҳиддинов ва корманди милиса Умед Аминҷонзода ҷанҷол сар задааст. Дар ин ҳангом  корманди милиса сокини маҳаллӣ Меҳроҷ Салоҳиддиновро ба заминҳои ҶДММ “Абдураҳмон” бурда, бо корд ӯро захмдор кардааст. Баъди муноқиша Меҳроҷро ба бемористон бурда, ба кормандони мақомот аз онҷо хабар додаанд.

Бино ба гузориши “Озодӣ” Меҳроҷ Салоҳиддинов, сокини захмишуда дар бемористони марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *