Боздошти Мадинаи Аҳмад бо гумони қатли хонандаи мактаб (аудио)

Муаллимаи фанни математикаи муассисаи таълимии рақами 8-и шаҳри Бохтар дар қатли хонандаи синфи 2-и ҳамин муассиса гумонбар будааст.

 Ӯ ноболиғро латукуб мекунад, ки дар натиҷа кӯдаки хурдсол ба ҳалокат мерасад. Ҳодиса рӯзи 27-майи соли равон рух додааст. Аз мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки  барои ба ҳалокат расидани кӯдак гумонбар Мадинаи Аҳмад, муаллимаи фанни математикаи муассисаи таълимии рақами 8 ҳисобида мешавад.

Гуфта мешавад, кӯдаке, ки ба қатл расонида шудааст, хонандаи фаъоли муассисаи таълимӣ буд. Аз як фан баҳои чор дораду халос. Боқимонда аз ҳамаи фанҳо пайваста баҳои аъло мегирифт.

 “Муаллимае, ки дар қатли кӯдаки ноболиғ гумонбар аст, соли 2019 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро хатм кардааст. Соли сеюм аст, ки ҳамчун омӯзгор фаъолият дорад. Бо сабабҳои барои мо номаълум рӯзи 27 май хонандаи синфи 2-и муассисаи таълимии рақами 8-ро дар манзили истиқоматияш латукуб мекунад, ки дар натиҷа ноболиғ ба ҳалокат мерасад. Падару модари кӯдак аз ҳам ҷудо шудаанд. Кӯдак дар тарбияи модар будааст. Модараш фурӯшандаи бозор аст”,-иттилоъ доданд  аз мақомот.

 Феълан сабаби даст ба чунин кирдори ношоиста задани омӯзгор Мадинаи Аҳмад барои мо маълум нест. Аммо гумонбар дар боздошт буда, тафтишот аллакай оғоз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *