Боздошти “Маршировка”, то кай?
Донишҷӯёнеро, ки дар вақти таътили тобистона ба “маршировка” ба муносибати 30солагии истиқлоли Тоҷикистон ҷалб шуда буданд, ҷавоб дода, гуфтаанд, ки “маршировка” ҳадди ақал то ҳафтаи оянда манъ карда мешавад.
Ба донишҷӯён гуфтаанд, ки “маршировка” бо қарори мақомот ба сабаби зиёд шудани бемории коронавирус манъ карда мешавад. Масъулони “маршировка” ҳамчунин гуфтаанд, ки эҳтимол дорад, ҳафтаи оянда низ ин чорабиниҳо доир нашаванд ва то моҳи август, то замони тағйир ёфтани вазъи эпидемиологӣ ба ақиб партофта шаванд.
Обидҷон Назаров, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки масъулияти “маршировка” ба ӯ вогузор шудааст, қаблан гуфта буд, ки ба чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 30солагӣ ҳудуди 15 ҳазор донишҷӯ ҷалб шудаанд. Дар рӯзҳои ҷашн дар моҳи сентябр, қарор аст, 30 ҳазор нафар дар кӯчаи марказии пойтахти Тоҷикистон роҳпаймоӣ кунанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ