Боздошти оилае, ки 1000 нафарро ғорат кардаанд
Дар Душанбе зану шавҳаре, ки тавассути таблиғ барои хидмати шаҳвонӣ мардумро ғорат мекарданд, дастгир шуданд. Парвиз Бобоназарзодаи 31-сола ва Зебо Тошоковаи 27-сола дар қаллобӣ тавассути интернет гумонбар мешаванд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, номбурдагон дар шабакаи «Одноклассники» аз номи як духтаре саҳифаи қалбакӣ кушода, таблиғи ҳамхобагиро нашр мекардаанд.
“Ҳарду ҳамчун пешпардохт ба ҳамёни электронӣ аз ҷавонони шаҳватпараст бо роҳи фиреб аз 100 то 500 сомонӣ маблағ гирифтаанд», — хабар медиҳад манбаъ.
Ҳоло нисбати ҳарду парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир дар кишвар ҳодисаҳои қаллобӣ тавассути интернет бештар ба мушоҳида мерасад.
Додситонии кулли Тоҷикистон борҳо шаҳрвандонро аз хатари фиреб тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушдор додааст, ки дар он қаллобон таблиғоти қалбакӣ дар бораи даромади зуд ё фоида аз сармоягузории пул дар ширкатҳои маъруф нашр мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ