Боздошти тиллодузд дар Ҳамадонӣ
Як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бо гумони дуздии ҷавоҳирот аз ҷониби мақомоти милитсия боздошт шудааст.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД иттилоъ медиҳад, ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ариза зани 46-солаи сокини ноҳияи зикргардида муроҷиат намудааст, ки 2-юми марти соли 2022, тахминан соати 08:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад.
“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Айни замон дар ин бора тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ