Боздошти тиллодузд дар Душанбе

Марди  30-солаи сокини шаҳри Душанбе барои дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, гумонбаршаванда 23-юми феврали соли 2024, тахминан соати 15:00, бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ ба хонаи истиқоматии зани 54-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, бо роҳи ошкоро ҷавоҳироти гуногуни тиллоиашро тасарруф ва аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Арзиши  умумии ҷавоҳирот 180 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Нисбати гумонбаршаванда парванди ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *