Боздошти устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳангоми гирифтани пора

Омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Алиҷон Набиҷонов дар маркази шаҳри Хуҷанд ҳангоми аз як довталаб гирифтани пора ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД”, ки шоми 19-уми июли соли 2023 нашр шуд, хабар дод, ки гумонбар, соли таваллудаш 1987, бо ваъдаи ба воситаи шахсони мансабдори соҳаи маориф, аз ҷумла масъулони мактабҳои олӣ ба риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат дохил кардан аз як довталаб аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун пора 8 ҳазор сомонӣ (беш аз 700 доллар) талаб кардааст.

Дар сабтҳои фаврӣ, ки дар гузориши телевизионӣ намоиш дода шуд, дида мешавад, ки Набиҷоновро билофосила баъди дар дохили мошинаш, тамғаи “БМВ” гирифтани пул аз он довталаб дастгир мекунанд ва ӯ дар пеши чашми кормандони мақомот пулҳои гирифтаашро аз паҳлуи курсии пеш гирифта, ба онҳо нишон медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *