Боздошти вазири маориф дар Қирғизистон
Вазири маориф ва илми Қирғизистон Алмосбек Бейшеналиев дар доираи тафтиши як парвандаи ҷиноятӣ боздошт шудааст.
Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар додааст, ки Бейшеналиев бо гумони тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон дастгир гардид.
«Зидди ӯ бо гумони гирифтани пора ба миқдори махсусан калон — 110 ҳазор доллар тафтишот оғоз шудааст. Барои дохил кардани донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳҳои ватанӣ пул гирифтаанд. Ҷузъиёти парванда баъди анҷоми тафтишот пурра пешниҳод мешавад»,- омадааст дар хабари вазорат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ