Бозгашти вабо. Штамми нави «омикрон» чӣ гуна аст ва чӣ хатар дорад?

Дар ин шабу рӯз, ки ҷаҳон бо штамми “делта”-и короновирус даст ба гиребон аст, олимони бритониёӣ аз пайдоиши навъи нави B.1.1.529 ё “омикрон” хабар медиҳанд, ки феълан штамми аз ҳама ваҳими ин вабои аср мебошад.

Пайдоиши омикрон

Новый штамм коронавируса может быть более заразным - Парламентская газета

Аввалин ҳолати сироятёбӣ ба штамми нави короновирус дар Ботсвана ба қайд гирифта шуда буд, ки баъд аз он дар Африқои Ҷанубӣ чанд ҳолати дигар ошкор гардид.

Муҳаққиқон аз афзоиши шумораи мутатсияҳо дар штамм, ки метавонанд ба паҳншавии зудтари он ва муқовимат ба ваксинаҳои мавҷуда мусоидат кунанд, нигаронанд.

Аввалин ҳолати сироятёбӣ дар Ботсвана рӯзи 11 ноябр сабт гардид. Пас аз се рӯз — дар Африқои Ҷанубӣ низ мавориди сироятёбӣ ба ин навъ ошкор шуд. Зимнан, «омикрон» дар Ҳонконг низ аз худ дарак дод.

Рӯзи 24 ноябр намояндагони Африқои Ҷанубӣ ба СҶБ аз бурузи ин навъ коронавирус хабар доданд. Аз он вақт инҷониб, штамми нав дар Австрия, Канада, Олмон, Италия, Британияи Кабир, Нидерландия, Белгия, Ҳонконг, Исроил, Чехия ва Австралия муайян карда шудааст.

Иттиҳодияи Аврупо ва бисёре аз кишварҳои дигар мамнӯъияти вуруди шаҳрвандони бархе аз кишварҳои Африқоро ҷорӣ кардаанд.

Британские ученые предупредили о появлении нового, более заразного штамма  коронавируса - Газета.Ru

50 мутатсияи “омикрон”

Маълум гардидааст, ки штамми нав 50 мутатсия дорад. Аз ин 34-тоаш дар таркиби сафедаи хорҳо мавҷуд аст, ки бо ёрии онҳо коронавирус ба ҳуҷайраҳои инсон ворид мешавад.

Ба фикри олимон, он аз пештара хеле фарк мекунад. Профессор Тулио де Оливейра, роҳбари Маркази вокуниши эпидемиологии Африқои Ҷанубӣ гуфт, «ин вариант моро ба ҳайрат овард. Он як ҷаҳиши бузурги эволютсиониро гирифт ва тақрибан 50 мутатсияро аз сар гузаронд».

Қайд карда мешавад, ки «омикрон» назар ба варианти феълии «делта» тақрибан ду маротиба зиёдтар мутатсия дорад.

Омикрон-штамм уже есть в России, заявил сенатор - РИА Новости, 28.11.2021

Нишонаҳои «омикрон»

Раиси Ассотсиатсияи тиббии Африқои Ҷанубӣ Анҷелик Кутзӣ хусусиятҳои фарқкунандаи штамми нави коронавирусро номбар кард. Духтурон гумон доштанд, ки мутатсияи қавии коронавирус вақте пайдо шудааст, ки беморони зиёде бо зуҳуроти ғайриоддии COVID-19 пайдо шуданд. Аксари онҳо ҷавононе буданд, ки аз эҳсоси сахти хастагӣ шикоят мекарданд.

«Ин як бемории сабук аст, ки аломатҳои он дарди мушакҳо ва хастагӣ дар давоми як-ду рӯз ҳис мешавад. Маризон бӯй ва таъмро гум намекунанд. Ҳеҷ аломати назаррас вуҷуд надорад. Баъзе аз мубталоён дар хона табобат карда мешаванд», — шарҳ дод пизишк.

Нигаронии СҶБ

Созмони ҷаҳонии беҳдошт як ҷаласаи изтирорӣ даъват кард ва дар он тасмим гирифт, ки онро ҳамчун нигаронкунанда тасниф кунад.

Раиси Ассотсиатсияи ҷаҳонии пизишкон Франк Улрих Монтгомери изҳори нигаронӣ кард, ки «омикрон» -ро метавон аз ҷиҳати хатар ба вируси Эбола ва ҳамон штамми сироятии «делта» муқоиса кард.

Ин созмон мегӯяд, эҳтимоли паҳншавии он дар саросари ҷаҳон низ баланд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *