Бозии санҷишии Тоҷикистон бо Амороти Араб ва Кувайт
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар моҳи март ду бозии дўстона анҷом медиҳад. Ин бозиҳо дар доираи рўзҳои FIFA баргузор хоҳанд шуд.
Рўзи 25-уми март дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунад. Пас аз се рўз, 28-уми март шогирдони Сегрт дар шаҳри Ал-Кувайт бо тими миллии Кувайт вомехўранд.
Барои дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ин вохўриҳо марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки моҳи январи соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад, ба ҳисоб мераванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ