Бозсозии Қалъаи Хуҷанд бо дастури Президент

Дар маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд” ҷараёни корҳои бунёд, таъмиру тармими иншоот давом дорад.

Мувофиқилоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, осорхона, чойхона ва ҳаммом дар назар аст.

Ҳоло дар корҳои азнавсозии иншооти қадима гурӯҳи лоиҳакашон ва мутахассисони идораҳо, олимону бостоншиносон, меъморону наққошон, сохтмончиён ва ҳунармандони халқӣ, кулолгарон, рассомону кандакорон ширкат доранд.

Ёдовар мешавем, ки Қалъаи Хуҷанд таърихи беш аз сеҳазорсола дорад ва дар асоси дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз нав барқарор шуда истодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *