Бунёди 90 корхонаи нави хурду калон дар Суғд
Корхонаҳои саноатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро 110,1 фоиз таъмин карданд. Дар ин бора раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар 6 моҳи аввали соли равон дар ҳудуди вилоят беш аз 90 корхонаи хурду бузурги нави саноатӣ ба фаъолият оғоз карданд.
Раҷаббой Аҳмадзода нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоятро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ кард ва гуфт, ки суботи макроиқтисодӣ дар минтақа нигоҳ дошта шудааст.
Нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодиёт ба 16,2 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,2 фоиз расонида шуда, ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба 26,3 фоиз баробар шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ