Бунёди бинои 9-ошёнаи таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барои 4000 донишҷӯ

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди бинои нави таълимие оғоз бахшида шуд, ки аз 9 ошёна иборат аст ва дорои 144 синфхона барои 4000 донишҷӯ мебошад.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот маълумот дода шуд, ки дар асоси дастуру ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои нави таълимии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ба нақша гирифта шудааст.

Бунёди бинои нави таълимӣ бо мақсади муттаҳид намудани тамоми воҳидҳои сохтории донишгоҳ ва ташкили маҷмааи комили таълимиву илмӣ, тарбиявиву варзишӣ дар канори биноҳои таълимии 1 ва 2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сурат мегирад.  

Сохтмони бино дар 9 ошёна пешбинӣ шудааст, ки дар умум барои ғунҷоиши 4000 нафар донишҷӯ муқаррар гардидааст. Масоҳати умумии бино 19420 метри мураббаъро дар бар гирифта, масоҳати зери сохтмон 2158,5 метри мураббаъро фаро мегирад. Дарозии бино 120 метр ва паҳноии он дар ошёнаи якум 16,40 метр ва дар ошёнаи нуҳум 21,20 метр буда, баландии ошёнаи якум 4,20 метр ва баландии ошёнаҳои дигар 3,30 метрро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми сохтмонии бино 86 320,9 метри мукааб буда, дар он 144 синфхона ҷой хоҳад гирифт. Дар назар аст, ки дар бинои нави таълимии донишгоҳ 9 факултет ҷой гирифта, дар он 7 толори лексионӣ, 2 маҷлисгоҳи хурд ва 18 озмоишгоҳ сохта мешаванд. Барои пайвастан ба табақаҳои болоии бинои таълимӣ бунёди 4 лифт ба нақша гирифта шудааст.

Аз сабаби он ки сохтмони бинои таълимии мазкур дар шафати бинои таълимии 2 ва дар ҳудуди маҷмааи варзишии Хуррамшаҳр ба нақша гирифта шудааст, дар канори он бунёди чанд иншооти дигар пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар назар аст, ки варзишгоҳ барои гузаронидани чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ, ки айни замон фаъолият дорад, аз нав таҷдиду тармим гардида, илова бар он майдони умумии варзишӣ дар масоҳати 1500 метри мураббаъ бунёд гардад.

Дар канори бинои таълимӣ ва майдончаи варзишӣ дар масоҳати 2854 метри мураббаъ маҷлисгоҳ сохта ва ба истифода дода хоҳад шуд. Дар баробари бинои истиқоматӣ, ки соли 2006 бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ва бо ҳузури Сарвари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, дар масоҳати 510 метри мураббаъ бинои нави истиқоматӣ барои устодону кормандони донишгоҳ сохта ва ба истифода дода хоҳад шуд.

Бунёди бинои таълимӣ, кўдакистон, толори маҷлисгоҳ, ошхона, маҷмааи варзишӣ имконият медиҳад, ки воқеан дар ин мавзеъ дар канори ду бинои таълимии дигар як маҷмааи комили шаҳраки Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бунёд гардида, тамоми биноҳои таълимӣ ба як маҷмааи муттаҳид ва комилу ягона табдил дода шавад. Ин амр барои танзим ва таҷдиди раванди таълим дар донишгоҳ мусоидат хоҳад намуд. 

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом дар суҳбат бо рӯзномаи “Тоҷикистон” бунёди ин биноро яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои соли равон арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 ҳамзамон дар донишгоҳ як қатор лаборатория ва марказҳои тадқиқотӣ фаъол гардид. Аз ҷумла, дар ин давра дар назди кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм озмоишгоҳи таълимӣ — таҳлилӣ ва дар факултети биология ва химия маркази нави тадқиқотӣ таъсис дода шуд.

Дар Китобхонаи илмии донишгоҳ 2 толори нави “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм — фурӯғи маърифат” таъсис дода шуд, ки ҳадаф аз ин ибтикор тавсеаи самти хизматрасонии китобхона, таъмини шароити арзанда барои иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ, баланд бардоштан фарҳанги мутолиаи китоб, ҷалби ҳарчи бештари насли ҷавон ба китобхона ва китобхонӣ маҳсуб меёбад.

Профессор Усмонзода Аюб иттилоъ дод, ки давоми нимсолаи аввали соли равон бахшида ба Рўзи илми тоҷик 482 нафар устоду докторант, магистрант ва донишҷў бо туҳфаҳои пулӣ ва хотиравии ректори донишгоҳ қадр гардиданд.

Боиси хушнудист, ки студияи таълимӣ-телевизионии “Фурӯғ”-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» низ соҳиби лабораторияи нав гардид. Нақши лабораторияи студияи таълимӣ-телевизионии “Фурӯғ” ҷиҳати татбиқи дониши назариявии донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ басо назаррас аст.

Бо фармоиши ректори донишгоҳ дар соли 2022 маблағи қадршиносӣ шуруъ аз оғози соли таҳсили 2022-2023 барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ 5 ҳазор сомонӣ муайян гардид. Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ 10 ҳазор сомонӣ, дар самтҳои илмҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ 7 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамчунин, бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ муаллифоне, ки мақолаҳои илмиашон дар маҷаллаҳои байналмилалии Scopus, Web of Science, Astrophysics Data Sustem, PubMed, MathSciNet, zbMATH, Chemical Abstracts, Springer, Agris, Georef ва ғайра ба нашр расидаанд, ба миқдори 1200 сомонӣ ва барои муаллифоне, ки мақолаҳои илмиашон дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидаанд, ба миқдори 300 сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Боиси зикр аст, ки бо мақсади тақвият бахшидани корҳои ободонӣ дар донишгоҳ лифти биноҳои таълимии №1 ва №2-и донишгоҳ аз нав ба кор оғоз намуд.

— Дар идомаи ғамхорӣ ва дастгирӣ ба ҷомеаи меҳнатӣ, ки аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки шуруъ аз моҳи сентябри соли 2022 маоши кормандону устодон аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ 20% баланд бардошта шавад.

Ҳамин тариқ, маоши кормандону устодони донишгоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар партави дастури Роҳбари олии мамлакат аз моҳи июл 20% ва аз ҳисоби суратҳисоби донишгоҳ боз 20%-и дигар зиёд карда мешавад,- афзуд ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» профессор А. Усмонзода.

Ёдовар бояд шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз калонтарин муассисаҳои олии мамлакат буда, беш аз 90 сол аст, ки дар тарбияи кадрҳо саҳми бориз мегузорад. Ба иттилои ректори донишгоҳ, дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 ба муносибати 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар донишгоҳ гузаронидани силсилаи чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» аз ҳоло омодагӣ ҷараён дорад.

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *