Бузургон дар ситоиши С. Айнӣ
Дар зер суханони бузургони илму адабро дар шинохти сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ меорем.
Айнӣ маданияти бою ҳазорсолаи халки тоҷикро, ки ин мардуми озодидӯст онро ҳамчун хазинаи адонашаванда асрҳо боз ҳифз карда омадааст, аз бар карда буд.
Мирзо Турсунзода
Дар таърихи тараққиёти ҷамъияти ҳар як халқ ходимони маданияте ҳастанд, ки номи онҳо як давраи пурраи таърихиро ба вуҷуд меорад. Садриддин Айнӣ яке аз онҳост. Тавлиди адабиёти советии тоҷик ба номи ӯ вобаста аст.
Ҷаббор Расуллов
Роли С. Айнӣ ҳамчун нависандаи барҷаста, шоир, мунаққид, ҳамчун ҳамчун классики адабиёти советии тоҷик бузург аст ва эътироф шудааст.
З. Раҷабов
Аз адабиёти рус ва адабиёти ҷаҳон асарҳои аълое, ки солҳои кӯдакии муаллифро тасвир мекунанд, ба мо маълуманд… Вале дар бораи чунин кӯдакие, ки нависанда Айнӣ ҳикоя кардааст, ман ҳеҷ гоҳ чизе нахонда будам.
В. А. Каверин
Айнӣ на фақат бавоситаи осори боқигузоштааш ба мо бисёр омӯхтааст ва меомӯзад, балки бавоситаи ҳаёти шахсии худаш, тарзи зиндагии худ, муносибаташ ба кор, бо вазифашиносиаш, ба риояаш ба интизом низ барои мо, хусусан барои ҷавонон, аз бисёр ҷиҳатҳо намунаи ибрат шуда метавонанд.
Р. Ҳошим
Устоди барҷастаи сухани бедеӣ, муаллими сахтгир ва ғамхори ҷавонон Садриддин Айнӣ ба сабзиш ва нашъунамои адабиёти тоҷику ӯзбек мусоидат менамояд.
Ғафур Ғулом
Муаллим ва дӯсти азизи мо Садриддин Айнӣ бо қувваи бемисле на фақат маро, балки тамоми адибони Осиёи Миёнаро ба худ мутаваҷҷеҳ мегардон.
Комил Яшин
Ман он шахси номдорро ҳамчун намунаи ибратшавандаи вазифашиносӣ доимо дар хотир дорам.
Наберахоҷа Валихоҷаев
Ман ба воситаи асарҳои Айнӣ ба яке аз дӯстдорони самимии адабиёти бузурги шумо шудаам. Ман ба маҳорати баланди ин устоди сухан сар ба таъзим меоварам. Ман дар рӯ ба рӯйи мизи кориам якчанд ҷилд асарҳои аз ҳама дустдоштатарини бадеӣ дорам, ки яке аз онҳо асари Садриддин Айнӣ аст.
Константин Александрович Фиден
Устод Айнӣ дар адабиёти мо бо эҷодиёти худ қуллаи нави дурахшоне ба вуҷуд овард.
Фотеҳ Ниёзӣ
Вай дар баробари нависандагӣ ва журналистӣ, ба корҳои тараққӣ додани нашриёт, мактаб ва маориф, нав кардани алифбо ва ғайра хеле фаъолона иштирок мекард.
Шаҳобиддин Садрулин
Ӯ дар зиндагиаш чун дарахти борворе буд, ки аз самар ва мевааш бисёр касон баҳравар мешуданд. Осори боқимондааш низ ҳамин файзро дорад.
Абдусалом Акрамӣ
Ман ниҳоят хушбахтам аз он, ки нависандагиро аз олими бузург, устоди ҳақиқӣ- Садриддин Айнӣ ёд гирифтаам. Номи мубораки ин зоти бузургро, ки дар қаторӣ дигарон дар дили ман ҳам нисбат ба худ эҳтирому муҳаббати бепоён ҷой кардаанд, доимо баланд нигоҳ медорам ва донишомӯзиро аз он кас ҳамеша давом медиҳам.
Ҳаким Зоҳидӣ
Истеъдод, иқтидор ва фаъолияти ҳартарафаи устод ҳадду ҳудуд надошт.
Ғанӣ Абдулло
Ман яқин ҳосил кардам, ки Айнӣ газетахонӣ оддӣ не, балки хонандаи мушоҳидакор буданд.
Малик Раҳмон
Образи дурахшони устод Айнӣ дар қалби мо ана ҳамин тавр-ҳамчун адиби бузург, донишманди равшанфикр, рафиқу маслиҳатчии мушфиқ, одами ҳаётдӯсту инсонпарвар нақш бастааст.
Саида Назруллоева
Садридлини Айнӣ як умр ба халқи худ содиқ буд, ӯ тамоми ҳаёти худро ба хизмати халқ бахшид. Чунин одам ҳеҷгоҳ намемирад ва хотираи пуршарафи ӯ ҳамеша аз партави офтоби муҳаббати халқ дурахшон хоҳад буд.
Пӯлод Лолис
Дар сари гаҳвораи ҳар як халқ шахси пурдону донишманд ва пурмаърифате меистад. Маданияти нави халқи тоҷик ва тараққиёти адабиёту санъати шаклан миллию мазмунан сотсиалистии он узван бо номи Садриддин Айнӣ марбут аст.
Юриӣ Бобоев
Марди ҳақгӯй, ҳақшинос, хизматгузоранда ва вазифашмнос буданд.
Авлиёқул Абдусаломзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ