Бузургтарин маркази муҳоҷирон аз Путилковои назди Маскав ба Сахарово кучонида мешавад
Сахарово бузургтарин марказ барои муҳоҷирон аст, ки дар як шабонарӯз имкони қабул кардани 7,5 ҳазор нафарро дорад
Маркази ягонаи муҳоҷират аз Путилковои назди Маскав ба Сахарово кӯчонида мешавад, хабар медиҳад «Коммерсант» бо истинод ба сардори шӯъбаи сиёсати иқтисодӣ ва рушди пойтахт Кирилл Пуртов.
«Маркази муҳоҷират дар Сахарово барои қабули теъдоди зиёди муҳоҷирон сохта шуд ва аз ин рӯ, кӯчонидани Маркази ягонаи муҳоҷират боиси сарборӣ нахоҳад шуд», — изҳор дошт, намояндаи мири шаҳри Маскав.
Қобили зикр аст, ки зарфияти ин марказ дар Сахарово, ки ба гуфтаи мақомоти Маскав, бузургтарин дар Русия аст, дар як шабонарӯз 7,5 ҳазор меҳмон аст.
Қарор аст, ин иқдом то охири соли 2021 ба анҷом расад.
Бояд гуфт, ки сокинони деҳаи Путилкова борҳо аз занозанию тирпаронӣ, ғайриқонунӣ ҳай кардани нақлиёт ва савдои ғайриқонунии муҳоҷирон изҳори нигаронӣ намуданд.
Пасон, пас аз ҳодисаи нохуш дар Сергиева Посада, губернатори вилояти Маскав, Андрей Воробев дари хобгоҳи муҳоҷиронро дар ин минтақа баст ва ҳамзамон дигар хобгоҳҳои муҳоҷирон дар Русия шадидан мавриди санҷиш қарор дода шуданд.
Дар ҳамин ҳол, чанде пеш, Вазорати умури дохилаи Русия қарор баровард, ки минбаъд барои кӯчактарин ҷинояти содирнамуда аз ҷониби муҳоҷирон онҳоро ҷазои сангин ва ҳамчунин ихроҷ шудан аз Русия интизор аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ