Чанд мусалмон ба кайҳон парвоз кардааст?
Имрӯз, 12 апрел аз парвози нахустин инсон ба кайҳон 60 сол сипарӣ мешавад. Ба ҳисоби М.Субару, раҳбари кулли оҷонсии миллии кайҳонии Малайзия, дар ин муддат бештар аз 500 нафар ба кайҳон парвоз кардааст, ки миёнашон ҳашт мусалмон низ ҳаст.
Бино ба иттилои ӯ, Шоҳзодаи Арабистони Саудӣ — Султон ибни Салмон соли 1985 ба ҳайси аввалин мусалмон ба кайҳон парвоз кардааст. Дуюмин нафар Форис Муҳаммад Аҳмад, кайҳоннавард-муҳаққиқи киштии кайҳонии “Союз ТМ-3” мебошад, ки моҳи июли соли 1987 ба кайҳон рафт. Пас аз бозгашт ин кайҳонаварди суриягиро бо ҷоизаи “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” ва медали “Ситораи Сурх” қадр карданд. Манаров Мусо Хиромонович бошад, аз 21 декабри соли 1987 то 21 декабри соли 1988 дарозтарин парвози кайҳониро анҷом додааст. Ӯро “рекордсмен”-и тӯлонитарин парвоз (365 рӯзу 23 соат) эътироф кардаанд. Ин кайҳонварди доғистонӣ аз 2 декабри соли 1990 то 26 май 1991 дуввумин парвозашро анҷом дод.
Ба ин тартиб, Моманд Абдулаҳад, кайҳонаварди афғон соли 1988 ба кайҳон парвоз карда, ба унвони “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” даст ёфт. Соли 1991 кайҳоннаварди қазоқ — Аубакиров Токтар Онгарбаевич ва соли 1994 Мусобоев Талгат Амангелдиевич, доктори илмҳои техникӣ парвози кайҳонӣ анҷом додаанд. Шарипоф Солиҷон Шакирович, узбектабори шаҳрванди Русия соли 1998, Ануша Ансорӣ, кайҳоннаварди эронитабори амрикоӣ соли 2006 ва Шукор Шайх Музафар кайҳоннаварди малайзиягӣ соли 2007 ба кайҳон парвоз кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ