Чанд омили безуриёт шудани мард
Тавре таҷрибаҳои тиббӣ нишон медиҳанд, дар 45%-и ҳолатҳо оилаҳои ҷавон бо сабаби ягон нуқсон доштани саломатии мард соҳиби фарзанд гашта наметавонанд. Барои он ки сабаби боровар нагаштани нахли умри ду ҷавон дақиқ шавад, зану шавҳарро лозим аст, ки ҳар ду якҷоя ба духтур муроҷиат намуда, пурра аз ташхис гузаранд.
Оилаи ҷавон бо сабаби ягон иллат доштани бачадони зан ё маҳкам будани найчаҳои бачадон соҳиби фарзанд нагашта бошад, табибони занона аз пайи дармон мешаванд, вале дар сурати суст будани ҳаракати сперматозоидҳо ё камии онҳо мард бояд табобат бигирад.
Вақте мард бемор аст
Аксари мардҳо худро сафед карда мегӯянд: «Занам хуб медонад, ки ман ягон мушкил надорам, чунки дар бистар шери жаён ҳастам…» Онҳо гумон мекунанд, ки фаъол будан дар ишқварзӣ нишонаи марди мардон будан аст, вале дар асл чунин нест. Фарзанддор шудан ё нашудан ба қобилияти шаҳвонии мард не, ба сифати сперматозоидҳо ва суръати ҳаракаташон вобастагӣ дорад. Ҳамарӯза дар ҷисми мард ҳазорон сперматозоидҳо тавлид мешаванд, вале аз байни чандин ҳазор сперматозоид танҳо як ё дутоаш метавонад ба сарманзили мурод расида бо тухмҳуҷайраи занона пайвандад ва онро бордор созад. Мутаассифона, баъзе омилҳо ва бемориҳое ҳастанд, ки сифат ва суръати ҳаракати сперматозоидҳоро суст гардонида, монеи падар шудани мард мегарданд.
Сабабҳои безурриётии мардона
Сабабҳои безурриётӣ бисёранд, вале се омил дар байни мардон бештар ба назар мерасад:
1. Солим набудани сперматозоид (қобилияти пасти ҳаётии онҳо)
2. Камшавии шумораи сперматозоидҳо
3. Вайроншавии ҷараёти ҳаракати сперматозоидҳо.
Чаро мард аз лаззати падар шудан маҳрум мегардад?
Даҳҳо омилҳое ҳастанд, ки боиси безурриёт шудани мард гашта метавонанд, вале мо танҳо чандтои онҳоро номбар мекунем.
1. Варикосел-васеъшавии рагҳои тумдони мард ва роҳҳои баромада сперматозоидҳо. Ин иллат боиси баланд шудани ҳарорат дар тухмдонҳои мард мегардад ва дар натиҷа сохт ва суръати ҳаракати сперматозоидҳо вайрон мешавад.
2. Захм ва осебҳои гуногуни узвҳои мардона
3. Бемориҳои сирояткунанда, хоса касалиҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузаранд: гонорея, сифилис, хламидиоз, трихомониаз… Аз тамоми бемориҳои сироятӣ касалии свинка ба қобилияти наслгузории инсон таъсири бад мерасонад. Мард, агар дар давраи кӯдакиаш ба ин беморӣ гирифтор шуда бошад, баъди ба камол расидан бо мушкилоти бенаслӣ рӯ ба рӯ мегардад.
4. Шамолкашии узвҳои ҷинсии мардона, аз ҷумла илтиҳоби ғадуди простата (простатит) ва роҳҳои пешобгузар (уретит)
5. Вайроншавии раванди фаъолияти шаҳвонӣ.
6. Мушкилоти иммунологӣ ва қувваи муҳофизатии организм. Бо сабаби паст шудани иммунитет дар ҷисми инсон баъзе моддаҳое пайдо шуда метавонанд, ки сперматозоидҳоро аз дарун мехӯранд ё сохту суръати ҳаракаташонро вайрон менамоянд.
7. Вайроншавии сатҳи ҳормонҳо, хоса кам шудани ҳормони мардонаи тестостерон.
8. Аз ҳад зиёд нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ, кашидани бангдона, нашъа ва сигор.
9. Баъзе дорувориҳо, аз ҷумла доруҳое, ки ба асаб ва майнаи сари инсон таъсир мерасонанд. (психотропние лекарства)
10. Муҳити носолим ва риоя накардан ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ. Радиатсия, норасоии витамини С ва синк, ҳатто пӯшидани либосҳои тагпӯши аз ҳад танг метавонад мардро бе насл гардонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ