Чанд таъбири “фолбин” ба хоби Фазлиддин Асозода

Муҳтарам Фазлиддин Асозода!

Дар замоне, ки нарху навои ҳама гуна маҳсулоти озуқаворӣ, бахусус орд ба таври назаррас боло меравад, дар хоб дидани орд — ин як амри маъмулӣ аст. Набояд аз ин фоҷеа сохт.

Нахуст хостам хомӯшӣ ихтиёр кунам ва таъбири ин хобро ба дӯши онҳое вогузор кунам, ки шумо аз онҳо посух хостаед. Худи саволи гузоштаатон — «Орд дар хоб чӣ таъбир дорад? Суол ба блоки иқтисодии Тоҷикистон» аз ин гувоҳӣ медод. Вале сад афсӯс, ки мо фолбинҳо ҷин дорему ҷинҳоямон тақозо мекунанд, ки гоҳ-гоҳ даст ба кор шавем. Баъдан, бояд гуфт, ки ман имшаб шуморо хоб дидам. Хоб дидам, ки китоби «Биё, ки фолат бинам»-ро дар миён гузошта, таъбири хобатонро аз он ҷустуҷӯ доред. Бинобар ин, тасмим гирифтам, ки худам таъбири хоби шуморо ёбам.

Фоли ман ҷанбаҳои гуногунро фаро гирифт ва роҷеъ ба гароншавии нархи орд то имрӯз аллакай ба мо фолбинҳо ҳам муроҷиатҳо зиёд буданд. Масалан, яке хоб дидааст, ки занаш лингчаи холии ордро ба сари ӯ кашида, ӯро бо ин халта бӯғӣ дорад. Бечора аз хоб фарёдзанон бедор шуда, шукр мекунад, ки ин фалокат дар хоб рух додааст, на дар бедорӣ. Маслиҳат додам, ки ду лингча орд харидорӣ кунад. Яктояшро ба хонаи худаш бараду дуввумиро чун бартарафкунии зиёни хоб ба ман фиристад. Чун таъбири моро иҷро кард, дигар орд хоб надид.

Аз рӯи фоли ман орд дар хоб асосан ба чигунагии дидани он вобаста аст ва таъбирҳои гуногун дорад:

1). Агар шумо дар хоб якбора якчанд лингчаи ордро харидорӣ карда бошед, минбаъд аз маҳсулоти ордӣ камтар истифода мебаред. Яъне роҳҳои сарфакории онро меҷӯед. Инро рӯйхати нави дар хоб пешниҳодкардаи янга низ тасдиқ мекунад.

2). Агар ордро дар хоб дида бошеду ягон лингча нахарида бошед, ордро минбаъд фақат дар хоб мебинед.

3). Агар дар хоб янга аз охирин захираи орд нон пухта бошад, субҳ аз хоб бархоста, ба зудӣ таҳорат карда, пулро ба ҷайб андохта, омода шавед. Янга ҳатман шуморо ба бозор мефиристад.

4). Агар ордро ба сару рӯятон рехта бошад, ин хуб аст. Саҳар ордоба мехӯред.

5). Агар дар хоб мошинҳои пур аз ордро дар кӯчаҳо дидед, ин маънои онро дорад, ки блоки иктисодӣ даст ба кор шудааст ва захираҳои худро ба бозор баровардааст.

6). Агар хоб дидед, ки орд арзон шуд, ин дурӯғ аст. Чунки орд дигар арзон намешавад. Хоби баръакси ин ҳатман рост мебарояд.

7). Агар дар хоб ягон нафаре ба китфи шумо орд зада бошад, шумо ё ба сафар мебароед ва ё боз зан мегиред. Беҳтараш кӯшиш кунед, ки варианти якум амалӣ шавад. Агар варианти дуюм амалӣ шавад, боз ҳам проблемаи орд ба миён меояд ва бо нархи гаронтар. Варианти дуввум танҳо дар як ҳолат хуб буда метавонад, ки агар шумо ба зани доранда хонадор шавед. Зане, ки ҳама маҳсулотро худаш харидорӣ мекунад ва ё барои харидориаш ба шумо пул ҷудо мекунад.

Боз, таъбир ба ранги халта ва навиштаҷоти болои он низ вобастагӣ дорад. Агар бо ранги сиёҳ ва ё кабуд навишта шуда бошад, ин ё орди Қазоқистон аст ва ё аз гандумест, ки аз Қазоқистон оварда шудааст. Агар бо ранги сурх навишта шуда бошад, ин орд аз Русия омадааст. Зеро ранги сурх нишони ҷанг ва хунрезиро низ дорад ва шояд гандум гандуми Укроин бошад.

Он ду зане, ки дар хоб дидед, фикр мекунам, ҳамон занҳоеянд, ки ҳар рӯз шуморо дар ҷойи кор, дар кӯча ва дар гулгашту хиёбонҳо гӯл мезаданд. Фақат дар хоб ҷой ва шаклашонро дигар кардаанд.

Шумо гуфтаед, ки «Агар ҳамаи ин чизҳоро фикр кунӣ, дар ду рӯз мӯйи сарат сафед мешаваду асабат хароб. Он вақт на орду равғани Қазоқистон даркору на шакари Покистон». Ба ин навиштаатон чунин маслиҳат медиҳам, ки аз таҷрибаи ман ва Хуршеди Атовулло кор гиред, ки ҳеҷ фикре ва ҳеҷ ташвишу гароншавии нархҳо мӯйи сари моро сафед карда наметавонанд. Чунки мо нахуст аз баҳри мӯй гузаштем, мӯе, ки дар чунин ҳолатҳо зуд сафед мешавад. Ҳеҷ мушкилоте наметавонад мӯйи сари набударо сафед кунад.

Хушбахтона, дар хоб янга халтаи ордро ба саратон нарехтааст, ана ин таъбири бад дошт. Зеро таъбири ин ба қавли Абдуқодир Талбаков мутаасифона, маънои «хобдидаро аз даст додем» буд.

Боқӣ қазоват аз шумо. Худро эҳтиёт кунед ва як лингча орд оварда, ба хонаи ман партоеду равед. Ҳама зиёнҳои хоб бартараф мешаванд ва дигар умуман хоб намебинед. Агар не, хобҳои аз ин бадтар ҳам диданатон мумкин!

Бо эҳтиром,

нависандаи экстрасенс Холиқназар ҶУМЪАЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *