Чархбол афтод, вазири корҳои дохилии Украина ҳалок шуд
Дар пайи афтодани як чархбол дар канори Киев камаш 17 нафар, аз ҷумла вазири корҳои дохилии Украина Денис Монастирский ва муовинаш Евгений Йенин ба ҳалокат расидаанд.
Гуфта мешавад, ки садама рӯзи 18-уми январ дар шаҳри Бровари, тақрибан 20-километрии шимоли шарқи пойтахт, дар наздикии кӯдакистон ва як бинои истиқоматӣ рух додааст.
Сардори пулиси миллӣ Иҳор Клименко гуфтааст, ки дар натиҷаи садама беш аз бист нафар, аз ҷумла даҳ кӯдак маҷруҳ шудаанд. Сабаби садама маълум нест.
Бино ба иттилои “Аргументы и факты”, чархболи ба садама дучоршуда аз тарафи ширкати Airbus Helicopters-и Фаронса ба Украина тақдим шуда, қаблан таҳти истифодаи собиқ раҳбари ВКД-и ин кишвар Арсен Аваков қарор доштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ