Чаро ғалат ҳарф мезанем?

Ҳамааш аз он сар шуд, ки аз нутқи омӯзгорамон донистем, ки маънии калимаи «бурдборӣ» — ин бардошт ва ё сабру таҳаммул будааст. Айнан дар луғат калимаи “бурдборӣ” ба маънии сабр, тоқат кардан, таҳаммул омадааст…

Ба ин маънӣ касеро ҳини ҳолати ногуворе “бурдбор бош” мегуфтаанд, яъне босабру тоқат бош. Вале дар мо ин калима аксаран иштибоҳан ба кор бурда мешавад. Ҳини ғолибиятҳову пирӯзиҳо ва ё дар коре мардум “бурдборӣ хоҳонам” мегӯянд. Ҳол он ки, “муваффақият хоҳонам” гӯем, дуруст аст. Дар луғат инчунин калимаи “бурд” ба маънии “бурд кардан” (масалан дар лото), “ғолиб омадан” ҳам омадааст, вале калимаи бурдборӣ дигар аст.
Чизи дигаре, ки боиси нигаронӣ аст, истифодаи нодурусти калимаи “қисмат” дар баъзе ҷумлаҳост. Тариқи ВАО гуфта мешавад, “дар ин қисмати барнома”, “дар қисмати охир”, “қисмати асосии мавзуъ”… Маънии калимаи “қисмат” тақдир аст. Лек дар луғат ба ду маънӣ омадааст: 1) ҳисса, 2) тақдир.

Масалан, аксар дар баъзе маврид чизеро мегӯянд, ’’ба ду қисмат ҷудо кун!’’. Дуруст мешуд агар онро дар мавридаш истифода барем!
Паҳлуи дигар, тарҷумаи нодурусти вожаҳо аст. Журналистон филми  “Дольгий ночь”-ро дар мо ’’Шаби тӯлонӣ ё дароз’’ тарҷума кардаанд. Аслан, филм истеҳсоли Эрон аст ва дар шакли порсиаш “Дар имтидоди шаб” ном гирифтааст, ки ҳамин шакл дуруст мебошад…
Пас, месазад, ки забонамонро беҳтар ва бештар омӯзем.

Беҳрӯз САЙФУЛЛОЕВ, донишҷӯ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *