Чаро бояд хурдтарин мушкиламонро ба Президент бигӯем? Ку гӯши шунаво?!

Мо дар ҷумҳурие зиндагӣ карда истодаем, ки касе ба гапамон гӯш намедиҳад. Ба шикоятномаҳоямон касе вокуниш намекунад. Мушкиламонро касе ҳал кардан намехоҳад. Ва касе ё масъуле ба додамон намерасад. Чаро?

Як нигарем: мардум худашро ба чор тараф зад, вале нархи роҳкиро яку якбора 90 дирам гарон шуд ва касе чизе нагуфт ба ҷуз як иттилоия.

Ҳамарӯза аз хомӯш кардани барқ дар манотиқи гуногуни кишвар шикоятномаҳои зиёд мешунавему мехонем, вале гӯё ҳеҷ гапе нест, гӯё ҳамааш дуруст аст ва гӯё касе чизе нагуфтаасту намегӯяд.

Ҳар вақте ки бозор равем, ҳатман аз нарху навои ҳангуфту ба ҷайби ягонтои мо номувофиқ шикоят мекунем, мегӯем, менависем, вале масъулин ба ҷойи танзим дигар “мушкилот”-ро зам мекунанд. Аз хизматрасониҳои пасту пур аз фанду фиреби мавҷуда ҳамагон мегӯем, вале аз санг садо мебарояду аз масъулине, ки маошхӯранду вазифаи ҷонияшон ба танзим даровардан аст, садое барнамеояд.

Ин ҳама далоили кофӣ нестанд, барои он ки бигӯем: касе ба доди мардум намерасад? Касе мардуми одиро фикр намекунад? Касе коре намекунад?

Масъулини муҳтарам, магар айб намешавад, вақте як гурӯҳ донишҷӯён ё сокинон, ки 800-1000 сомонӣ маош мегиранд бо аризаи шикоятӣ ба Президент муроҷиат кунанд то ки нархи роҳкироро танзим кунанд? Магар айб намешавад вақте ки як гурӯҳи сокинон дар як рӯи варақ маошашонро нависанду дар тарафи дигар нархи маҳсулоти ниёзи аввалро оранд ва ба Президент баранд?

Мардуми мо нав ба шикоят намудану мактуб кардан ба номи Президенту раиси шаҳрро ёд гирифтаанд ва Худо накунад, ки ин одат шавад, вагарна оқибаташ хуб намешавад.

Ва дар охир як савол: модоме ки бояд мардум ҳама мушкилашро ба шахси аввал гӯяд, аз ӯ кумак хоҳад, умед дошта бошад, ки корашро ҳал мекунад, пас шумо масъулини сохторҳои гуногуне, ки барқу нақлиёти ҷамъиятиву нарху навои бозорро танзимкунандаед, чӣ лозимед? Барои чӣ шумо аз ҷайби мо маош мегиред?

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.