Чаро фаъолияти симкортҳо қатъ гардид? Шарҳи мақомот

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз қатъ кардани беш аз 900 ҳазор симкорт хабар дод. Ин тасмим дар пайи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 13-уми феврали соли равон гирифта шудааст.

Маркази матбуоти Хадамоти алоқа дар шарҳи ин матлаб гуфтааст, ки ин ниҳод дар пайи иҷрои қарор бо иттифоқи ниҳодҳои қудратӣ ва ширкатҳои алоқаи мобилӣ, санҷиши хариду фурӯши симкортҳо ва пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқиро пайгирӣ кардааст.

“Рақамҳое, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 фаъолият доштанд ва аз нав бақайдгириро нагузаштаанд, аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ хомӯш карда шуданд”,- мегӯяд манбаъ.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқа, теъдоди симкортҳои бақайдгирифташуда — шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ — истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон 8 миллиону 302 ҳазору 529 рақамро ташкил медиҳад, ки аз ин 7 миллиону 377 ҳазору 255 рақам бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 (ID корт) азнавбақайдгириро гузаштаанд.

Фақат аз 1-уми феврал то 28-уми июни соли равон 851 ҳазору 169 симкорт бо шиносномаи соли 2014 аз нав ба қайд гирифта ё сабти ном шудаанд.

Аз 7 миллиону 377 ҳазору 255 рақаме, ки аз нав ба қайд гирифта шудаанд, 5 миллиону 643 ҳазору 454 рақам фаъол буда, 925 ҳазору 274 симкорт ба иллати нагузаштан аз бақайдгирӣ қатъ карда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *