Чаро консерти Юлдуз Усмоноваро дар Ню — Йорк лағв карданд?
Консерти cарояндаи шинохтаи ӯзбек Юлдуз Юсмонова дар шаҳри Ню-Йорк, ки қарор буд 14 сентябри соли 2024 баргузор шавад, лағв шудааст.
Сабаб изҳороти ахири ӯ буд, ки дар он аз сиёсатҳои Исроил интиқод карда ва хостори таҳрими колоҳои исроилӣ шудааст.
Ин изҳорот боиси норозигии намояндагони яҳудиёни бухороӣ гардид ва онҳо ба тазоҳуроти эътирозӣ даст заданд. Дар ин бора bugun.uz хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки консерти Юлдуз Усмонова дар Ню-Йорк, ки аз ҷониби ҶДММ «Besh styzn Entertainment» ташкил мегардид, рӯзи 14 сентябр баргузор мешуд. Аммо суханронии ахири ӯ бо маҳкум кардани Исроил ва даъват ба таҳрими маҳсулоти яҳудӣ хашми яҳудиёни Бухороро ба бор овард ва бо талоши онҳо консерт лағв шуд. Чиптаҳои фурӯхташуда дар «The Oceana Theatre» хориҷ карда шуданд.
Ҳоло ҳамагӣ 1 консерт дар шаҳри Синсиннатии иёлоти Огайо баргузор мешавад, ки диаспораи ӯзбекҳо он қадар зиёд нест. Худи Усмонова, ки аз соли 2009 ба ин сӯ дар Ню-Йорк консертҳо баргузор мекунад, бо дастгирии ширкати Star Entertainment лағв шудани ин чорабиниро таъйид карда, аммо нахостааст сабаби онро ифшо кунад.
Тибқи баъзе гузоришҳо, яҳудиён дар Амрико хостори лағви консерти Усмонова ва ҳамчунин андози ҷамъбасти фаъолияти ӯ дар Амрико шудаанд.
Ҳунарпешаи мардумии Узбекистон қаблан дар саҳифаи инстаграми худ дар бораи низоъ миёни Фаластин ва Исроил изҳори назар карда, Исроилро ба таҷовуз муттаҳам карда ва гуфтааст, ки онро давлат намешуморад. Баъдтар вай ба бойкот кардани маҳсулоти Исроил даъват кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ