Чаро нархи сӯзишворӣ баланд шуд?

Дар пайи тармафароиҳои зиёд ва барои чанд муддат баста будани роҳи Душанбе – Чаноқ нархи сӯзишворӣ дар пойтахти кишвар ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст.

Аз ҷумла, нархи як литр бензини навъи АИ-92 аз 5 сомониву 10 дирам ба 6 сомонӣ расидааст. Дар шимоли Тоҷикистон як литр чунин бензин 4 сомониву 70 дирам будааст.

Феълан дар Душанбе як литр гази моеъ, ки ҳудуди 60 дарсади мошинҳои сабукрав дар Тоҷикистон аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунанд, баробари 3 сомониву 20 дирам аст. Дар шимоли Тоҷикистон ин навъи сӯзишворӣ 2 сомониву 10 дирам мебошад. Дар Душанбе низ то замони оғози тармафароиҳо ва баста шудани роҳҳои иртиботӣ бо шимоли кишвар як литр гази моеъ то ба 2 сомониву 30 дирам поин рафта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *