Чаро Садир Жапаров ба оташ равған мерезад?

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 23 октябр аз ҷониби президенти Қирғизистон Садир Жапаров дар мавриди сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон як қатор изҳорот садо дод. Аз ҷумла талаб кардани замини Мурғоб аз ҷониби ин ҷаноб дар ҷомеаи Тоҷикистон сарусадои зиёдеро ба бор овард.

Бадномии Мадумаров ва замини Тоҷикистон

Садир Жапаров баъди сафараш ба Тоҷикистон ва мулоқоти шашсоата бо Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар мавриди марзи ду кишвар изҳори назар кард. Вале иддаоҳои ӯ боиси сарусадои зиёде гардид.

Жапаров мегӯяд, ки аз комиссияи байниҳукуматӣ санадҳои марбут ба баҳсҳои марзиву ҷараёни музокироти байниҳукуматиро хоста се масъалаи баҳсиро ошкор кардааст: дар қитъаи Торт-Кочо, роҳи самти Ворух ва нуқоти баҳсии ноҳияҳои Ботканд ва Лайлак.

“Аз назари ҳуқуқӣ мо ҳақ ҳастем.” – хулоса мекунад Жапаров.

Президенти Қирғизистон мехоҳад протоколи соли 2009-ро сарфи назар кунад. 3-юми марти соли 2009 Адахон Мадумаров дар мақоми раиси Шӯрои амният протоколе имзо кард, ки бар асоси он роҳи самти ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ки 275 метри қаламрави Тоҷикистон аст, ба муҳлати 49 сол ба иҷора диҳад. “Онҳо мегӯянд, 12 сол гузашт ва баъди 37 сол мо онро мебандем ва ё аз роҳи музокирот, муҳлати иҷораро тамдид мекунем. Ман гуфтам, ки Мадумаров ба ин ҳақ надошт”, — зикр кард Жапаров. Дар идома ӯ гуфт: “Ман метавонам дар ин масъала нуқта гузорам, вале дар ин сурат баъди 37 сол Лайлак ба анклав табдил мешавад”.

Ин протокол барои бунёди пул дар болои дарё ва таъмири роҳи Ош-Ботканд-Исфара лозим буд.

Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов дар суҳбат ба asiaplus гуфт, ки зимни таҳия ва санҷиши ин протокол қариб ҳамаи мақомоти давлатии Қирғизистон иштирок карда, ҳамаашон онро маъқул донистанд. Котиби Шӯрои амният тибқи қонун онро як худаш маъқул шуморидаву имзо карда наметавонист. Ва он замон барои имзои он ӯ ҳамаи ваколатҳоро дошт.

«Имрӯз худи манобеи қирғиз мегӯянд, ки маъракаи зидди Мадумаровро мақомот ҳанӯз соли 2019 оғоз кардаанд, зеро ӯ раиси ҳизби мухолифи “Бутун Қирғизистон” аст. Аллакай ҳамон замон низ мақомот ин протоколро баҳона барои муттаҳам ва бадном кардани Мадумаров, ки ҳукуматро шадидан интиқод мекард, истифода карданд. Яъне, ин бештар як масъалаи дохилии сиёсӣ буда,  мушкилоти низоъ дар Исфара-Ботканд барои ҳисоббаробарӣ бо рақибони сиёсӣ истифода мешавад”, — зикр кард сиёсатшинос.

Коршинос таъкид кард, ки имрӯз мураккабии раванди музокирот бо сиёсатмадорони қирғиз маҳз дар ҳамин омил ифода меёбад.

“Имрӯз мақомот мегӯянд, ки котиби Шӯрои амният ҳаққи имзои созишномаҳоро надошт. Фардо каси дигар ба сари қудрат меояд ва мегӯяд, ки Тошиев ва Жапаров имрӯз ба имзои қарордодҳо ҳуқуқ надоштанд”, — мегӯяд Парвиз Муллоҷонов.

Мурғобро ба мо диҳед!

Жапаров зоҳиран дар хобҳояш Мурғобро низ замини Қирғизистон мебинад. Зеро мегӯяд: “Онҳо (яъне ҷониби Тоҷикистон –ред.) мегӯянд, соли 1924 ин заминҳо ба мо гузашт. Ман гуфтам, агар ин хел бошад, мо соли 1924 ба шумо Мурғобро бо масоҳати 3 миллион гектар додем. Биёед, онро ба мо баргардонед. Онҳо розӣ нестанд. Комиссияи байниҳукуматӣ кор мекунад. Дафъаи гузашта онҳо боз 8 километри дигарро аниқ карданд. Умедворам, ки масъала бо назардошти манфиатаҳои ҳарду ҷониб ҳал мешавад”.

Сиёсатшиноси тоҷик Шералӣ Ризоён ин даъвои Жапаровро “таҷовуз ба якпорчагии Тоҷикистон унвон кард. 

“Ба ин масъала таърихнигорон посух доданд ва он тамоман асос надорад. Баръакс ин таҷовуз ба якпорчагии Тоҷикистон ва сиёсати баръалои ғасбкорона нисбат ба тамомияти арзии мо аст. Аз замони таъсиси Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтори Шӯравию сотсиалистӣ ва баъдан ҳамчун ҷумҳурии ҳафтум ноҳияи Мурғоб дар қаламрави кишвари мо буд. Чунин масъалагузорӣ баръало бозӣ бо эҳсоси мардуми худ аст ва як назари папулистӣ мебошад. Айни ҳол ҳамаи заминҳои баҳсӣ сарраввал қаламравӣ Тоҷикистони Шӯравӣ буданд ва кишвари мо ба заминҳои он кишвар даъво намекунад. Масалан, ҳатто Сулюктаи имрӯза то соли 1931 дар қаламравӣ Тоҷикистон буд ва ҳамон сол ба Қирғизистон дода мешавад. Он замине, ки ба назари Содир Ҷабборов соли 1956 ба Тоҷикистон гузаштааст, агар хато накунам деҳаи Ҷигдалики шаҳри Конибодом аст, ки бо деҳаи Самарқандак (он вақт ба Тоҷикистон шомил буд) иваз шуда буд”. – мегӯяд, сиёсатшинос.

 Ҳуҷум ба марзу буми Тоҷикистон

Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳанӯз ба изҳороти Содир Жапаров вокуниш накардаанд. Вале Ҳизби демократи Тоҷикистон бо пахши як изҳорот иддаои Президенти Қирғизистонро “ҳуҷум ба марзу буми Тоҷикистон” арёбӣ кард. 

“Раиси ҷумҳури Қирғизстон дар бораи ҳамлаҳои марзбононаш ба қаламрави Тоҷикистон, сангборон кардани донишомӯзон ва шаҳрвандони тоҷик, якҷониба бастани роҳҳои марзӣ ва рафтуомади воситаҳои нақлиёти заминиву ҳавоӣ бо Тоҷикистон, ҳуҷумҳои беохири марзбонону шаҳрвандонаш ба қаламрави Тоҷикистон чизе намегӯяд. Ин амалкарди давлати Қирғизистон мутобиқ ба меъёрҳои равобити байналмилал фишор ба давлати кишвари дигар дониста мешавад”, — гуфта мешавад дар изҳороти ҳизб.

Таъкид мешавад, ки Жапаров дар “амалиёти ватандӯстонаи худ” чуқуртар даромада,  бо поймол кардани ҳусни нияти ҳамсоягии нек, бозпас гирифтани ноҳияи Мурғобро, ки гӯё ба Қирғизистон тааллуқ дорад, изҳор мекунад, ки аслан қобили баҳс нест.

Қайд шудааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳамаи заминҳои мавриди баҳс бар асоси санадҳои расмӣ ва таърихӣ моли Тоҷикистонанд ва кишвари мо ба заминҳои он кишвар даъво намекунад.

Ҳизби демократи Тоҷикистон аз он нигарон аст, ки дар пайи ин изҳороти пурмуаммо, хабаргузориҳо аз афзоиши неруҳои мусаллаҳ ва афроди низомии ин кишвар дар назди марзи Тоҷикистон, харидорӣ ва интиқоли силоҳ ба ноҳияҳои наздимарзӣ хабар медиҳанд.

Жапаров чӣ мехоҳад?

Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, ки аз пушти панҷараи зиндон ба курсии президентӣ такя зад ва таҷрибаи ками сиёсиву дипломатӣ дорад, зоҳиран хостори дӯстӣ бо кишвари ҳамсояе чун Тоҷикистон нест. Вагарна чунин даъвоҳое намекард, ки муносибати ду кишварро чигилтар кунад.

Сиёсатшинос Шералӣ Ризоиён чунин муносибати Содир Жапаровро чунин баҳо медиҳад:

“Чунин сароҳатан изҳори назар кардан перомуни масъалаҳои марзӣ маҳз иқдоми папулистӣ ва имиҷсозӣ мебошад. Барои элитаи ҳозираи Қирғизистон дар ҳолати босубот баргузор намудани интихоботи Жокоргу Кенеш бисёр муҳим аст, чун худи онҳо баъди чунин интихобот дар соли 2020 ба сари қудрат омаданд. Аз диди коршиносону таҳлилгарони минтақа “мағлубияти хурд” дар моҳи апрел ба онҳо имкон дод, ки худро “ҳомӣ”-и манфиатҳои миллӣ ба намоиш гузоранд ва дар ин самт низ комёб шуданд: тоҷикон ва Тоҷикистонро “душман” муаррифӣ карда, дар атрофи он масъалаҳои зиёди худро ҳаллу фасл намуданд”.

Ҳизби демократии Тоҷикистон низ бар он аст, ки сиёсати Жапаров барои ҳар ду давлати ҳамсоя ва мардуми минтақа хеле хатарнок аст. Чун роҳбарони ин кишвар ҳар рӯз сатҳи таҳдиду фишор ва таъсиррасонӣ ба андешаи мардумашонро дар қиболи Тоҷикистон болотару болотар мебардоранд.

Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *