Чаро “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ кампайдост?

Чандест, ки дар мағозаҳои фурӯши китоб “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ кампайдо аст. Ҳафтаи равон мо аз мағозаҳои китобфурӯшии назди нашриётҳо ва дигар марказҳои фурӯши китоб дар пойтахт дидан кардем, вале ҷилдҳои мукаммали «Шоҳнома»-ро пайдо накардем.

Дар мағозаҳои нашриёти “Адиб” фақат ҷилдҳои 7, 8, 9, 10 мавҷуд аст, вале ҳар касе, ки хоҳад «Шоҳнома» хонад, ҳатман аз ҷилди аввали он оғоз мекунад. Барои посух гирифтан ба суоли “Чаро дар мағозаҳо «Шоҳнома» нест?” ба нашриёти «Адиб» муроҷиат кардем. Мудири бахши адабиёти классикии нашриёт Муҳтарам Ҳотам ба суоли мо чунин посух дод: “Шоҳнома” дар Тоҷикистон хеле кам чоп шудааст. Бори аввал соли 1987 дар 9 ҷилд ва дуюм аз соли 2007 дар 10 ҷилд дар силсилаи «Ахтарони адаб». Лекин “Шоҳнома”, “Маснавии маънавӣ» ва осори Саъдиву Ҳофиз серхаридоранд ва бояд пайваста нашр шаванд”. Муҳтарам Ҳотам хабар дод, ки ба наздикӣ мунтахаби “Достонҳои «Шоҳнома» бо теъдоди 1000 нусха нашр гардид, вале он матни комил нест.

Ба Вазорати фарҳанги кишвар ва нашриётҳои тобеи он пешниҳод менамоем, ки «Шоҳнома» — ин ҳаммосаи бузурги миллиамонро аз нав бо теъдоди зиёд ва нархи дастрас нашр кунанд.

Идибеки САИД, донишҷӯ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *